РЎЙХАТИ иштирокчиён барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо забони тоҷикӣ (диктант) Озмуни мазкур санаи 31 октябри соли 2024 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аз забони давлатӣ ба тариқи хаттӣ – диктант гирифта, шуд. Р/т Ному насаби довталаб Ба даври дуюм роҳхат гирифтанд 1. Тоҳирзода Зоир Тоҳир гузашт 2. Маҳмадалиев […]
Ҷаласаи онлайни созмонҳои кишварҳои узви ИДМ дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ, азнавомодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои низоми судӣ” баргузор гардид.
Санаи 31 октябри соли 2024 ҷаласаи онлайни фосилавии созмонҳои кишварҳои узви ИДМ дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои низоми судӣ баргузор гардид. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи судии Россия ташкилоти асосии давлатҳои аъзои ИДМ дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои низоми судӣ мебошад, ки бо мақсади мусоидат ба рушд ва таҳкими низоми судии […]
МАВҚЕИ МУРОФИАИ СУДӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Аннотация: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Дар […]
Конститутсия-ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсоз
Конститутсия ба сифати қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад. Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри […]
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР
Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳои сарнавиштсозе ҳастанд, ки дорои аҳамияти бузург буда, бо мурури айём ва гузашти солҳо арзиши бештар пайдо мекунанд. Яке аз унсурҳои муҳими ифтихору сарфарозии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барҳақ бояд китоби рӯимизии ҳар фарди бедордилу ватандӯсти мамлакат бошад. Зеро нишонаи нахустин ва муҳимтарини […]
Маҷлиси ҳафтаина
28 октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам сараввал ба интизоми меҳнатии кормандони суд диққат дода, таъкид доштанд, ки интизомӣ меҳнатӣ аз ҷонибӣ кормандон ба таври қатъи риоя карда шуда, […]
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ
25 октябри соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуллозода З. оғоз намуда кормандонро ба муносибати таҷлили иди касбии кормандони ҳокимияти судӣ […]
Машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ
25 октябри соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовинони раис, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии ВМКБ, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима карор […]
Санаи баргузории озмун
Санаи 30 – 31 октябри соли 2024 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ баргузор мегардад.
26 – уми октябр рӯзи кормандони мақомоти судӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ намудааст. Дар асоси ин принсип шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври мустақил ва дар ҳамкории байниҳамдигарӣ фаъолият мекунанд. Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар […]








