«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд» Эмомалӣ Раҳмон Мусаллам аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлат, рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Иштироки кормандони Суди Олии иқтисодӣ дар барномаи консертӣ
Шоми 20-уми августи соли 2025 дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии ҳунармандони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
ИСТИҚЛОЛ КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон чунин иброз намудаанд: “Истиқлоли давлатӣ на танҳо ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ аст, балки таҷассумгари орзуву умед ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошад”. Истиқлоли давлатӣ сутуни устувори давлатдории миллӣ ва чароғи равшани бақои ҳар як халқу миллат мебошад. Дастёбӣ ба истиқлол рамзи эҳёи миллӣ, худшиносӣ […]
Сӯгворӣ
Ҳайати коллективи судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло нисбати даргузашти холаашон ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд. Рӯҳи марҳум шоду манзили охираташ обод бошад!
Шанбегии ҳарҳафтаина дар Суди Олии иқтисодӣ
Бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: “то 15-уми сентябри соли 2025 оид ба ташкил намудани рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҳашарҳо ташкил ва баргузор карда шуда дар вазорату идораҳо корҳои ободонию созандагӣ, тозагӣ, таъмиру тармими биною иншоот, роҳҳо, кӯчаҳо, маҳаллаҳо, […]
Маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 августи соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Раёсат, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло ва аъзои Раёсат, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он парвандаҳои иқтисодӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ гардида, аз натиҷааш қарорҳои дахлдори Раёсат қабул карда шуд.
Судя Раҷабзода Парвина Шариф
РАҶАБЗОДА ПАРВИНА ШАРИФ 16 декабри соли 1974 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик Дорои маълумоти олӣ буда соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст. Дорои рутбаи судяи дараҷаи якуми тахассус мебошад Бо медали хизмати шоиста аз 23 июли соли 2021 сарфароз гардонида шудааст. Фаъолият ва собиқаи корӣ: Солҳои […]
Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон РАҲМОНЗОДА САИДАЛӢ САБЗАЛӢ
РАҲМОНЗОДА САИДАЛӢ САБЗАЛӢ 13 майи 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик Дорои маълумоти олӣ буда Соли 1991 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст. Дорои рутбаи судяи дараҷаи якуми тахассус мебошад. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.08.2025, № 1055 бо ордени «Шараф дараҷаи 2» сарфароз гардонида шудааст. Фаъолият ва собиқаи корӣ: […]
Спитамен: Боздиди гурӯҳи корӣ аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва Хуррамзамини ноҳияи Спитамен
Бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Хуррамзамин боздиди корӣ ба амал оварданд. Гурӯҳи корӣ дар ҷараёни боздид бо ҷараёни амалишавии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва навсозии иншооти муҳими иҷтимоиву […]
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Спитамен боздид ба амал овард
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен ҳамроҳ бо роҳбарияти ноҳия ва гурӯҳи корӣ аз як қатор иншоотҳои муҳим ва корхонаҳои саноатӣ боздид намуд. Ҳадаф аз ташаббуси мазкур шиносоӣ бо вазъи умумии иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва шароити зисту […]








