Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем. Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии […]
Суханронии Раиси СОИ ҶТ Мирзозода Р.П дар ҳамоиш бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ
Ҳозирини гиромӣ! Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 32 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак […]
“Истиқлол давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ” – бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СОИ ҶТ ҳамоиш баргузор гардид.
Санаи 6 сентябри соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлол давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ” ҳамоиш баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Раис, муовинони Раис, муовини якуми Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. […]
СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли вазифаи коромӯз-судя озмун эълон менамояд
Барои ишғоли вазифаи коромӯз-судя шахсе метавонад ҳуҷҷат супорад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ (шахсоне, ки 5 сол дар шӯъбаҳои рузонаи факултетҳои ҳуқуқшиносӣ таҳсил намудаанд) ва ё зинаи таҳсилоти магистратураро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардаанд, 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, забони давлатӣ ва на камтар аз 2 забони хориҷӣ, аз ҷумла […]
Истиқлолият асоси рушди давлатдории миллӣ – Зокирова Нодира, Сармутахассиси Раёсати СОИ ҶТ
Истиқлолият – ин санаи таърихӣ ва рӯйдоди фараҳбахш 9 – уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва ин аст, ки ҳамасола расман санаи мазкур ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Яъне, аз ҳамон вақт то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати […]
Истиқлолият ва самараи он дар рушду нумӯи давлатдории тоҷикон – Шарифзода Х, ёрдамчии судя
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақо ва симои дурахшон, рамзи асолату ҳуввият, махзани идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори мутамаддини мардуми Тоҷикистон, пайваста бо кишварҳои пешрафта ва пурқудрати ҷаҳон мебошад.Истиқолияти давлатӣ волотарин ва пурарзиштарини дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин ҳаводиси фараҳбахшу хотирмон ба миллати тоҷдори тоҷик, ки санаи […]
Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои он ҳадафи ҳар як соҳибватан бояд бошад – Фаррух Вализода, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии СОИ ҶТ
Истиқлолият воқеан ҳам мафҳумест муқаддас, ки баъзе миллатҳо асрҳо баҳри ба даст овардани он пайваста мубориза мебаранд, вале боз ҳам ноком гардида, орзуҳои худро аз насл ба насл чун васият ба ёдгор мегузоранд, то ки ахиран ба шарафи озодӣ комёб гарданд. Истиқлолият вожаест, ки ба таври дигар онро наметавон таъбиру тасвир кард. Истиқлолиятро ба ҳар […]
Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди сиёсӣ – Асрорзода З, сардори Раёсати СОИ ҶТ
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст” Эмомалӣ Раҳмон Имсол кулли мардуми шарифи тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Шанбеги ва ободонӣ
Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи ҷумҳуриамон вусъати тоза касб менамояд. Дар ин ҷараён бо иштироки кормандонӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]
Истиқлолияти давлатӣ заминаи рушди давлатдории миллӣ – Ҳусейнзода Ф.А. cардори раёсати коргузорӣ назорат ва омори судӣ
Барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши аввалиндараҷа бозидааст. Агар дастоварду пешравиҳои солҳои охир аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ вобаста бошад, дар амал татбиқ гардидани ободонию созандагӣ ба иродаи қавии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Зеро, иродаи қавии Пешвои миллат, қавлу амал, дасту дили пок, […]








