3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд. Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат […]
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШАРТИ АСОСИИ ШИНОХТИ ДАВЛАТ
Истиқлолият, бешубҳа падидаест, ки дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан навро ба вуҷуд овард. Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди миллати тоҷик ва тамоми сокинони Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш […]
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – МУҲИМТАРИН ПАДИДАИ ТАЪРИХӢ
Имрӯз ба шарофати истиқлол давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст. Расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол аз 35-умин солгарди он […]
35 – СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ, РУШДИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲИ БУНЁДИ ОЯНДА
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи навини кишвар ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Санаи 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихии давлатсозӣ ворид гардид. Аз ҳамин лаҳза сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба марҳилаи сифатан нав гузашт. Истиқлоли […]
Истиқлоли давлатӣ — заминаи рушди устувор ва ободии кишвар
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ва муқаддас ба ҳисоб меравад. Он ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намуда, бо такя ба арзишҳои миллӣ ва иродаи созандаи мардум давлатдории навини худро таҳким бахшад. Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар […]
МУЛОҚОТИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ
31 августи соли 2026 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода З.Ф. бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ баргузор гардид. Дар оғози мулоқот Раиси Суди Олии иқтисодӣ Сафирро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар […]
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
31 августи соли 2026 роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд. Дар суханронии Пешвои миллат масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, […]
Баргузории машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ
28 августи соли 2026 дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари мазкур роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима карор доданд. Тибқи нақша машғулияти семинарии […]
Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 августи соли 2026 ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсат Абдуллозода З.Ф., аъзои Раёсат — муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Раҳмонзода С.С., муовинони Раис Аминзода З.Т. ва Қосимзода С.О., судяҳои Суди Олии иқтисодӣ Ҷалилзода Х.Р., Баротзода З.М. ва Саидзода З.С. бо иштироки […]
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ”. Баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ
Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мактаби мусиқии ба номи Одина Ҳошим ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ҷумҳурӣ ва намоиши китобҳои пурарзиши Пешвои миллат ба марази тамошо гузошта шуда, пешниҳоди […]












