Хизмат ба Ватан нишони волои ҷавонмардист – Самадзода Б, Муовини сардори Раёсти ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо

Имрӯзҳо давраи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт ва ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо як рӯҳияи баланд ва дар асоси арзишҳои милливу анъанаҳои пешқадам бо баргузории чорабиниҳои зиёд, аз қабили “Рӯзи даъватшаванда”, “Муҳофизи Ватан” бо ба роҳ монондани мафҳилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию маърифатӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Бешубҳа, […]


Вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботиву ташвиқоти дар ноҳияи Шаҳринав бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанов

Санаи 03 апрели соли 2024 дар бинои Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, таҳти раисии Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аминзода З.Т., Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав Шерализода Ш. ва ҳуқуқшиноси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Ализода И. барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бо аҳли ҷамоатчигии […]


МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Масъулият эҳсосе мебошад, ки дар рафтори ҳар як шахси комили ҷомеаи мутамаддин ва фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба вай гузошта шудааст, дида мешавад. Тақозои замон аст, ки масъулият баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон, давлат ва қонунгузорӣ бедор карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қонунгузории худ тавонист ба ин масоил […]


вохӯрии Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. бо Сармушовири ҳуқуқӣ ва узви Гурӯҳи ислоҳоти қонунгузории Бонки Осиёии Рушд Николас Мюллер

Санаи 30 марти соли 2024 вохӯрии Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. бо Сармушовири ҳуқуқӣ ва узви Гурӯҳи ислоҳоти қонунгузории Бонки Осиёии Рушд Николас Мюллер баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои доир ба “Такмили қонунгузорӣ ва таҳияи сиёсат барои бахши хусусӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ” аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон […]


Баргузории семинари ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Санаи 29 марти соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Машғулиятҳои семинари охири ҳар моҳ баргузор гардида мақсад аз он баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии […]


Мустақилияти судяҳо кафолати таъмини адолати иҷтимоӣ ва судӣ аст. – Каландарзода М С., судяи СОИ ҶТ

«Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.»                                              Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ эълон намуда, дар таърихи давлатдории Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи қонуни олии мамлакат мустақилияти ҳокимияти судӣ қайд ва мустаҳкам карда шуд. […]



Спитамен: идомаи сафари кории раиси СОИ Мирзозода Рустам дар Ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Навкат ва Тағояк

Дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо фаъолон ва сокинони ҷамоат мулоқот доир гардид. Дар кори мулоқот раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ва мудири кафедраи фалсафаи Тоҷикистон Алихон Шоҳҳусайн иштирок намуданд. Дар доираи мулоқот муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]


ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАСТУР БАРОИ ҶАВОНОН – Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Д.А.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷавонон ёдовар шуда, ояндаи давлату миллати тоҷик ва пешрафту тараққии бесобиқаи онро дар дасти ин қишри ҷомеъ меҳисобанд. Воқеан, ояндаи ҳар як давлати соҳибистиқлолро бе ҳузури саҳми ҷавонони он дар рушду нумӯи сарзамин ва тамаддуну иқтидораш тасаввур намудан ғайрииммкон аст. Зеро бо […]


Сафари кории раиси СОИ Мирзозода Рустам ба ноҳияи Спитамен: Боздид аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол

Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол боздид сурат гирифт. Дар доираи ин иқдом ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода маъракаи кишти картошка баргузор шуда, масъулин аз аз боғи интенсивии АИО “Тоҷикистон” дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон, аз муассисаҳои […]