Маърифати ҳуқуқӣ кафили зиндагии арзанда

Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи […]


Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи раёсат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, мушовири калони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шарифзода Ҷамшед, муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои […]


Маҷлиси ҳафтаина

08 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам пеш аз ҳама ба масъалаи интизоми меҳнат  диққати ҷиддӣ зоҳир намуда қайд карданд, ки шахсоне ки ба кор сари вақт ҳозир намешаванд […]


Баргузории маҷлиси сайёри судӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва вохӯрӣ бо сокинон

3-юми июли соли 2024 дар ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Қадиҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав таҳти раисии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б., бо котибии Шарифзода Х. ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода М. вобаста ба аризаи даъвогӣ оиди баҳси замин ва муайян кардани саҳм, маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд. Инчунин, баъд аз анҷоми маҷлиси […]


Сафари кории Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. ҷиҳати иштирок дар Форум ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. ва судяи Суди Олии иқтисодӣ Наимзода Б.Р., ҷиҳати иштирок дар Форуми 12 – уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки рӯзҳои 26 – 28 июни соли равон дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар Форум, инчунин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд. Таъкид […]


Иштироки намояндаи СОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Спитамен

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Спитамен чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода, намояндаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин иштирок намуданд. Ин иқдом ҷиҳати гиромидошти арзишҳои миллӣ ва сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид. Намояндаи ҳукумати […]


Машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

22 июни соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар семинари мазкур роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии вилояти Хатлон ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд. Инчунин тибқи […]


Маҷлиси идона ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид, ки дар он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Мирзозода Р.П., муовини якуми раис Абдуллозода З. ва сармутахассиси раёсати коргузорӣ ва назорат Ширинҷонов А.И. баромад карданд. Яке […]


Ҳалнома

ҲАЛНОМА АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 29 апрели  соли  2024 ш. Душанбе Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Аминзода З.Т. бо котибии Наҷмудинзода О.Н. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ парвандаи иқтисодӣ аз рӯи аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҶДММ “ИИ”-и ноҳияи Ш. дар шахси роҳбари […]