Тренинги омӯзиши оид ба «Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи 21 ва 22 октябри соли 2024 дар Осоишгоҳи Шоҳамбарии водии Ҳисор Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ тренинги омӯзиши оид ба «Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар рафти тренинги омӯзиши кормандони судҳои иқтисодӣ дониши назариявӣ […]


Озмуни “Ҳуқуқи инсон аз нигоҳи хонанда”

Дар ноҳияи Спитамен озмуни “Ҳуқуқи инсон аз нигоҳи хонанда” баргузор гардид. Дар ин озмун, ки бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд, ҷавонони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳи озмун намояндаи Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин ва муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ иштирок ва суханронӣ намуда, […]


Мустақилияти судяҳо кафолати таъмини адолати иҷтимоӣ ва судӣ аст.

«Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.» Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ эълон намуда, дар таърихи давлатдории Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи қонуни олии мамлакат мустақилияти ҳокимияти судӣ қайд ва мустаҳкам карда шуд. Ҳамзамон, […]



Натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Спитамен дар нуҳ моҳи соли 2024

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2024 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Самадзода Бахтиёр Қурбонхон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Тоҳир Толибзода иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи […]


Вохӯрии судманд бо омӯзгорон ва донишҷӯёни КВД “Маркази таълимии шаҳри Душанбе”

Санаи 10-уми октябри соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” вохурии судманд дар толори КВД “Маркази таълимии […]


Номгӯйи саволҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ

Номгӯйи саволҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед? Дар бораи забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфта шудааст? Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд? Кадом ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд? Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед? Аз номи халқи Тоҷикистон кӣ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад? […]


Ҳалнома

 Ҳ А Л Н О М А АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисикунанда судя Одиназода Ҷонфидо Халил Котиби маҷлиси судӣ Файзуллозода Хуршед Турахон Прокурор Аминзода Мирзо Хайбар 29-уми марти соли 2024, дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. Парванда бо аризаи Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои […]


Иди “Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муборак бошад!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 5 октябр ҳамчун рўзи ид қайд карда шуда, рўзи корӣ дониста мешавад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имрўз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ […]


Баргузории ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 03.10.2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, ки  барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи […]