Ҷавонон – ояндаи дурахшони миллат

Ҳамасола 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо василаи арҷгузорӣ ба насли ҷавон, балки як имконият барои гузоштани саҳми арзандаи ҷавонон дар ҷомеа ва таҳкими мавқеи онҳо дар рушди мамлакат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: […]


ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚӢ ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Рӯзҳои 19–21 майи соли 2025, дар шаҳри бостонии Санкт-Петербург Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург (ФБҲСП-2025) ифтитоҳ гардид. Ин чорабинии сатҳи баланд яке аз муҳимтарин платформаҳои муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар фазои Евразия ба шумор меравад. Форуми мазкур иштирокчиёнро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд овардааст, аз ҷумла, намояндагони мақомоти давлатӣ, судҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ҳуқуқӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи […]


Эълон: Озмун Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 ҷой) – Муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо – 1 ҷой – маоши вазифавӣ – 3803,80 – Ёрдамчии раиси Суди Олии иқтисодӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ – […]


Иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

18 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллии имсола доираи васеи ҷавонону варзишгарон, нафарони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаcсисаҳо, аз он ҷумла роҳбарият ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Варзиш кафили зебоӣ ва саломатӣ […]


ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

16 майи соли 2025 ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд бахшида ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии футбол байни кормандони мақомоти судӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Муовини Раиси Суди Олӣ суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими муносибатҳои […]


ҶАВОНОН АЪЗОИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Ҷавонон ҳам чун неруи созандаи ҷомеа мавқеи хоссаро дар ҳама давру замон ишғол намуда, сатҳи тарбия, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии онҳо ояндаи дурахшони ҳар миллату давлатро кафолат медиҳад. Таваҷҷуҳи хоссаи миллат ба рушду тарбияи ҷавонон натанҳо рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодиро таъмин мекунад, балки дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи сазоворро соҳиб мешавад. Дар давраи ҷаҳонишавии иқтисод […]


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди иқтисоди мамлакат

Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ пайваста таҳлил ва вазифагузорӣ мешаванд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои муайян намудани паҳлуҳои мухталифи […]


ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ СУДҲОИ ҶУМҲУРӢ

Рӯзи 12 майи соли 2025 мусобиқаи аввалини футбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси Суди Олӣ” байни намояндагони низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинии варзишӣ на танҳо рамзи тарзи ҳаёти солим, балки қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни судяҳо ва кормандони дастгоҳ гардид. Иштирокчиён сатҳи баланди омодагии ҷисмонӣ, руҳи рақобати солим ва эҳтироми […]


9 МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА, ҚАҲРАМОНӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Санаи 9 май — Рӯзи Ғалаба бар фашизм натанҳо як санаи тақвимист, балки яке аз пурҷалолтарин ва пурифтихортарин саҳифаҳои таърихи башарият ба шумор меравад. Санаи мазкур рамзи пирӯзии нерӯи адолат, ваҳдат ва матонат бар ҷаҳолат, зулм ва фоҷиаи инсонист. Расо ҳаштод сол қабл, 9 майи соли 1945, бо имзои санади таслимшавии бечунучарои Олмони фашистӣ Ҷанги […]


9 май – Рӯзи Ғалаба

Гар туро доду деҳат Шому Ҳиҷозу Яман аст, Дили ман пеши ҷаҳонест, ки номаш Ватан аст. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақоми хосса дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо – тоҷикистониён […]