• ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ
  • Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
  • Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
  • Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. 1
  2. 2
  3. 3
  4. 4
  5. 5

Машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ

28 феврали соли 2025 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини раис, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима карор доданд. Инчунин, тибқи нақша […]


Паём – сарчашмаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ

Ҳамасола дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки вазъи моддии халқамон қадам ба қадам беҳтар гардида истодааст. Дар ин раванд мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати Тоҷикистон бевосита ба афкори ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад. Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 […]


ИНТИХОБОТ – МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина, интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ […]


Роҳнамое барои ояндаи дурахшон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои асосӣ дар самтҳои гуногун ба ҳисоб рафта, ба як ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва илмӣ табдил ёфтааст. Чун анъана Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ҳар як бахши ҳаёти ҷомеаро таҳлил намуда, барои беҳтар гардонидан ва рушд додани он самтҳо вазифагузориҳо менамоянд. Ин навбат низ […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 гузориши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки Стратегияи миллӣ […]


ЗАНОН – ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, […]


Нақши занҳо дар ҷомеаи муосир

Дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас таҳким ёфта, имкониятҳои онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ васеъ гардид. Имрӯз занон дар Тоҷикистон на танҳо нигоҳдорандаи оила ва арзишҳои миллӣ, балки як қувваи муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Дар даҳсолаҳои охир, шумораи занони фаъол дар соҳаи […]


Мавқеи Суди иқтисодии Итиҳоди Давлатҳои Мустақил дар таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ

Ҷараёни дигаргуниҳои куллии сиёсӣ дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум, ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ алоқаманд буд, боиси таъсиси як зумра давлатҳои нави соҳибистиқлол гардида, дар баробари ин мушкилоти ҷиддии иқтисодиро низ ба миён овард. Дар натиҷа як қатор мақомотҳои байналмилалӣ байни давлатҳои аъзо аз қабили Суди иқтисодии Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил ба фаъолият […]


Ҷаласаи онлайни намояндаҳои судҳои олии давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи вазъи Суди Иқтисодии ИДМ баргузор шуд.

  25 феврали соли 2025 дар Комитети иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (бо истифодаи видеоконференс) ҷаласаи кории намояндаҳои судҳои олии давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи вазъи Суди Иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 июли соли 1992, бо таҳрири Протокол аз 13 сентябри соли 2017, баргузор гардид. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ташкилии омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Пленуми […]


Ҳуқуқи Интихобот Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихобот яке аз рукнҳои муҳими низоми демократй буда, ҳамчун воситаи асосии ифодаи иродаи халқ ва таъмини намояндагии омма дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ хизмат мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот на танҳо воситаи ташаккули мақомоти намояндагӣ, балки ҷузъи муҳими низоми идоракунии давлатӣ ва кафолати татбиқи принсипҳои демократй мебошад. Ин мақола заминаҳои ҳуқуқии интихобот, тартиби татбиқи он ва […]