More from: Хабарҳо

Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Субҳи дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд. Чи тавре, ки  Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон […]


Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Ҷанобони олӣ, роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз ҳамаи ҳозиринро дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, барои ширкат дар он арзи сипос менамоям. Умедворам, ки мубоҳисаҳои имрӯза дар тақвият бахшидани кушишҳои муштараки мо ба хотири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” саҳми арзишманд хоҳанд гардид. Аз фурсати муносиб истифода […]


Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор. Чи тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медищад сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки сафари имсолаи […]


Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Сарони давлатҳо аз вазъи ҳамкориҳои байнидавлатии дуҷониба ва бисерҷониба натиҷагирӣ карда, барои ба сатҳу […]


Cафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон сафар карданд. Чи тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳури хабар дод, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]


Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинону ноҳияи Дарвоз

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз мо ба диёри мардуми равшанзамир, шоирону ҳунармандони номдор, мутрибону ҳофизони соҳибмақому соҳибмактаб ва сокинони соҳибмаърифати ноҳияи Дарвоз омада, дар қадами аввал аз истиқболи самимӣ ва суннати хоси меҳмоннавозиатон хеле хушҳол гардидем. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз ҳатто дар лаҳзаҳои душвор низ яке аз хислатҳои қадимаву писандидаи халқамон, яъне […]


Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зимни ба истифода додани мактаби №1, қитъаи роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон ва оғози азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб–Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Вохӯрии имрӯзаи  мо бо шумо, сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати оғози фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Навобод, инчунин, ифтитоҳи шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Шӯрообод – Шоҳон ва оғози корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб, ки маросими он баъди мулоқот бо шумо […]


Cафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон

Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф орваданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам […]


Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба ифтихори 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд иттиллоъ дод Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли […]


Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихору самимият тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр – шаҳри Душанбе ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон — бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям. Истиқлолият ва озодӣ […]