More from: Вохӯриҳои Президент

Изҳороти матбуотии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

Муҳтарам Александр Григорйевич, Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Барои Тоҷикистон Беларус шарики муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва хоҳад монд. Қобили зикр аст, ки имрӯз муносибатҳои ду кишвар бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бо суръат рушд мекунанд. Дар мулоқоти имрӯза мо бо Александр Григорйевич муколамаи мутақобилан […]


Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми 14 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. 15 май маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои […]


Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар

12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро […]


Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 — юмин солгарди ғалаба бар фашизм ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд. Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси […]


Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд. Дар кори конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, […]


Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар […]


Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура

Ҳозирини арҷманд! Мулоқоти имрӯзаи мо дар арафаи ҷашни касбии кормандони мақомоти прокуратура баргузор мегардад. Бинобар ин, ҳамаи кормандони мақомотро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо, аз ҷумла ба ҳар яки шумо, ҳозирини муҳтарам, саломативу барори кор орзу менамоям. Эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки кишвари мо дар ин самт бо қадамҳои устувор пеш рафта […]


Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд. Маросими истиқболи расмӣ […]


Ифтитоҳи бинои таълимии мактаби №26 бо 640 ҷойи нишаст ва Хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ

14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду бастро дар ҳудуди мактаби рақами 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои мактаби рақами 26 ҳанӯз соли 1936 вақти бунёди Неругоҳи барқи […]


Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт. Дар оғози мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро […]