ФАРМОИШИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШИ

РАИСИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       __________________________________________________________________

       аз «___» _______ соли 2018              № ___                         ш.Душанбе

Дар бораи тадбирҳои иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”

Мутобиқи моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва фасли 2 Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №465 аз 28 октябри соли 2016 тасдиқ шудааст ва бо мақсади ташкили раванди таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ),

фармоиш медиҳам:

1.Гурӯҳи кории назорати дохилӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва баҳодиҳии хавфҳои коррупсия дар низоми судҳои иқтисодӣ дар ҳайати зерин таъсис дода шавад.

Роҳбари гурӯҳ:

– Аминзода З.Т.-муовини Раис;

Аъзои комиссия:

  • роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ;
  • сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ, ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодӣ;
  • сардори шуъбаи коргузорӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодӣ;
  • сардори шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникӣ;
  • бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодӣ;
  • корманди дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)

2.Гуруҳи кории назорати дохилӣ оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия:

  • Барнома ва нақшаи чорабиниҳои дохили идоравии зиддикоррупсионӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020 таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд;
  • Фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия, амру фармонҳо ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, барнома, стратегия, кансепсия, протоколҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ба роҳ монанд;
  • Риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкор, пешгирӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва мубориза бар зидди ин омилҳоро таъмин намоянд;
  • Дар ҳифзи молу мулки давлатӣ, хароҷоти барзиёд, расонидани зарар, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, идоракунии бесалоҳият ва дигар сабабҳои шабеҳ чораҳои таъхирнопазир андешанд;
  • Фаъолияти босамари кормандонро ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон назорат менамоянд;
  • Дар ҳолати ошкор шудани омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандон ҳуҷҷати дахлдорро таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор манзур менамоянд;
  • Аз натиҷаи фаъолияти гуруҳи корӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 5-уми моҳи оянда ба Раиси Суди Олии иқтисодӣ ҳисобот манзур менамоянд;
  1. Гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия дар низоми судҳои иқтисодӣ:

– фаъолияти худро тибқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №465 аз 28 октябри соли 2016 тасдиқ шудааст ба роҳ монда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар сол то охири моҳи ноябр ба Раиси Суди Олии иқтисодӣ бобати ирсоли ахборот ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намоянд.

  1. Фармоиши мазкур ба маълумоти муовини якуми раис, муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе расонида шавад.
  2. Раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе вазифадор карда шаванд, ки маълумотҳои заруриро дар муҳлати муқарраргардида ва тибқи муқаррарот ба гурӯҳ пешниҳод намоянд.
  3. Нусхаи фармоиши мазкур барои маълумот ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон ирсол карда шавад.
  4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., ва мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
  5. Фармоишҳои Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз 19 июни соли 2017 таҳти №41 ва аз 31 августи соли 2018 таҳти №6 аз эътибор соқит дониста шаванд.

Асос: банди 1 нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №465 аз 28 октябри оли 2016 тасиқ шудааст.

Раис                                                                       Қаландарзода М.С.

Напечатать страницу Напечатать страницу