Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давалтӣ озмун эълон менамояд:
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 14 ҷой
– Муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назорат – маоши вазифавӣ 2256,80 с.
– Мудири бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ; маоши вазифавӣ 1519 с.
– Сармутахассиси раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо; маоши вазифавӣ 1240 с.
– Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; маоши вазифавӣ 1380 с.
– Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсус; маоши вазифавӣ 1124,70 с.
– Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назоратӣ; маоши вазифавӣ 1124,70 с.
– Мутахассиси пешбари раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо; маоши вазифавӣ – 1124,70 с.
-Мутахассиси пешбари бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ-маоши вазифавӣ 1124,70 с.
– Котиби марҳилаи кассатсионӣ; маоши вазифавӣ 924,60 с.
– Котиби маҷлиси судӣ – 5 нафар. маоши вазифавӣ 924,60 с.
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе – 1 ҷой
– Котиби маҷлиси судии. маоши вазифавӣ 800,40 с.
Суди иқтисодии вилояти Хатлон –2 ҷой
– Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорат. маоши вазифавӣ 1593,40 с.
– Котиби маҷлиси судӣ. маоши вазифавӣ 800,40 с.
Суди иқтисодии вилояти Суғд – 3 ҷой
– Котиби маҷлиси судӣ – 3 нафар. маоши вазифавӣ 800,40 с.
Суди иқтисодии ВМКБ – 2 ҷой
– Котиби маҷлиси судӣ – 2 нафар. маоши вазифавӣ 800,40 с.
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, донистани як забони хориҷӣ афзалият дода мешавад;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– кор карда тавонистан бо компютер, ҳадди ақал бо барномаи word ва кор карда тавонистан бо барномаи Excel афзалият дода мешавад;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-37 дар ошёнаи якуми бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 феврали соли 2022 қабул карда мешавад.