Санади авф ва тартиби татбиқи он – Наҷмудинзода О.Н.

Пеш аз он, ки ба таҳлили пурраи мавзӯи мазкур оғоз намоем мебояд сараввал ба маънои худи истилоҳи авф сарфаҳм равем. Истилоҳи “авф” аз калимаи юнонии “amnestia” гирифта шуда, маънояш фаромушкунӣ мебошад.  Дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ  ҳамчун ваколати парлумон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешавад.

Мувофиқи моддаи  59  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” – ро Президент ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Дар боби 13 моддаи 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус меъёри мушаххас дарҷ гардидааст. Чунончӣ, дар банди якуми моддаи мазкур меъёри зерин инъикос гардидааст “Авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад”.  Мувофиқи қисми дуюми моддаи 82  санади болозикр  бо санади авф шахси ҷиноят содирнамуда метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда  ҳам аз адои ҷазои асосӣ ва ҳам аз адои иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё ин, ки доғи судиаш бардошта шавад.

Авф аз тарафи мақомоти олии қонунгузори кишвар эълон карда мешавад. Санади авф ба доираи номуайяни одамон аз тарафи Маҷлиси Олӣ эълон карда мешавад.  Инчунин бояд ёдовар шуд, ки яке аз хусусиятҳои муҳими  санади авф дар он аст, ки он ҳамчун қонуни ҷиноятӣ эътироф намегардад.

Ашхосе, ки мувофиқи санади авф муҳлати адои ҷазо барояшон тамом шудааст, мумкин аст доғи судиашон низ барҳам хӯрад. Заминаҳои ҳуқуқии эълон намудани  авфи умумӣ  Конститутсия ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки яке аз хусусиятҳои муҳими дигари санади авф дар он аст, ки он на ин, ки нисбати шахси алоҳида, балки аз рӯи категорияи ҷиноятҳои содиршуда  эълон карда мешавад.

Мақомоти дахлдор  бояд дар вақти эълон намудани авфи умумӣ нисбат ба шахсони мушаххас санадҳои  зерини татбиқи ҳуқуқро қабул кунанд:  қарор ва таъинот оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ, инчунин қатъ намудани ҳукми айбдоркунӣ вобаста ба озод намудани гунаҳкор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, таъиноти суди зинаи дуюм оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва қарори мақомоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазоро адо мекунад дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо.

Авф дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни ашхос татбиқ карда мешавад.  Ҳамзамон бо такя ба қисми сеюми моддаи 82 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон гуфт, ки санади авф  ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад.

Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад. Қонуни мазкур танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Лоиҳаи қонун дар бораи авф ва тартиби татбиқи он ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуда, бо тартиби муқаррар намудаи Дастури Маҷлиси намояндагон барои пешниҳод ва баррасии лоиҳаи қонунҳо баррасӣ карда мешавад.

Имрӯз дар илми ҳуқуқи ҷиноятии мамлакат равиши гуногуни дарки моҳияти ҳуқуқии санадҳои авф вуҷуд дорад. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ чунин ақида баён шудааст, ки моҳияти ҳуқуқии санадҳои авф аз табиати ҳуқуқии санадҳои меъёрӣ хеле фарқ менамояд, ки санадҳои авф меъёрҳои ҳуқуқро татбиқ намекунанд ё бекор намекунанд ва санади авф ҳамчун як факти ҳуқуқие мебошад,  ки муносибатҳои нави ҳуқуқиро байни давлат ва шахсони авфшуда, ба миён меорад.

Бисёр донишмандони илми ҳуқуқшиносӣ  ин нуқтаро иштибоҳ дониста, иброз медоранд, ки сарфи назар аз хусусиятҳои алоҳидаи санадҳои авф, аз ҷумла, сари вақт ба амал омадани ин санадҳо бо вуҷуди ин дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ қоидаҳои рафторе, ки барои субъектони дар ин санадҳо зикргардида ҳатмӣ буда, барои татбиқи онҳо пешбинӣ шудаанд. Он ба доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ мегардад. Муқаррароти ин меъёрҳо дар санадҳои мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда дар қарорҳои шахсони мансабдор ва мақомоти дигари ваколатдор (мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ), татбиқи худро меёбанд.

Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки санади авф хусусияти меъёрӣ дошта, нисбат ба категорияи алоҳидаи маҳкумшудагон (масалан, занон, маъюбон, ноболиғон ва ғ.), ё ба ҳамаи маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои муайянро содир кардаанд, татбиқ мегардад.

Санади авф қонунеро, ки барои баъзе кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар менамояд, тағйир намедиҳад ва бекор намекунад. Ҳамчунин хусусияти муҳими дигари санади авф дар он аст, ки он қонунӣ ва асоснок будани ҳукми судро оид ба ин ё он парванда зери шубҳа намегузорад. Санади авф танҳо сарнавишти гунаҳкоронро сабук мекунад.

Санади авф  боиси оқибатҳои муайяни ҷиноятӣ – ҳуқуқии муқаррарнамудаи Кодекси ҷиноятӣ мегардад. Санади авф мувофиқи қисми дуюми моддаи 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад чунин оқибтҳои ҳуқуқиро ба миён орад:

  1. Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд;
  2. Дар бораи кам кардани ҷазои таъин карда шуда;
  3. Дар бораи ба ҷазои сабуктар иваз намудани ҷазои таъин гардида;
  4. Дар бораи озод намудан аз ҷазои асосии таъин гардида;
  5. Дар бораи озод кардан аз ҷазои иловагии таъин гарддида;
  6. Оиди бардоштани (рафъи) доғи судӣ.

Мазмуни мушаххаси авф дар худи санади авф муайян карда мешавад. Одатан чунин санадҳо дорои хусусияти мураккаб буда, аз ҷумлаи намудҳои онро қисми дуюми моддаи 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад.

Дар давраҳои гуногуни рушди Тоҷикистон санадҳои авф шакли дигари ҳуқуқӣ доштанд. Масалан, фармонҳои раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалисӣ, қарорҳои Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалисӣ инчунин, қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Ва айни замон бошад тибқи Конститутсияи соли 1994 қабулгардида, санади авф дар шакли қонун бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Оиди қабули санади авф ва тартиби татбиқи он дар ҳар давлат вобаста ба шакли идоракуниашон гуногун аст. Масалан, агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади авф аз тарафи палатаи поёнӣ ва доимоамалкунандаи касбии парлумон қабул карда шавад, дар Федератсияи Россия низ  ин ваколат ба палатаи поёнии ин давлат, яъне Думаи давлатӣ мутааллиқ аст. Дар ин ҷо монандӣ ва наздикӣ дар робита бо расмиёти қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия гарчанде ба чашм мерасад, аммо вобаста ба шакли санади авф ва рафти татбиқи он тафовут ба назар мерасад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре, ки дар боло ишора гардид санади авф дар шакли қонун қабул карда мешавад ва Дар Федератсияи Россия бошад он дар шакли қарор қабул карда мешавад. Дар алоқамандӣ бо расмиёти татбиқи санади авф низ фарқият дида мешавад. Дар Федератсияи Россия баъди   санади авф қарори иловагӣ қабул карда мешавад, ки ин расмиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой надорад.

Қабули қарорҳои иловагӣ барои татбиқи санади авф дар дигар давлатҳо бо он алоқаманд аст, ки татбиқи амалии санади авф душвории муайянро ба миён меорад. Аз ин лиҳоз, санади иловагӣ қабул карда мешавад ва одатан дар он инҳо равшан карда шаванд:

  1. Мақомоте, ки барои иҷрои ҳукм масъуланд;
  2. Мафҳумҳо ва истилоҳоте, ки дар санади авф истифода шудаанд.

Тавре ёдрас гардид, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ингуна расмиёт ҷой надорад ва мақомоте, ки барои иҷрои ҳукм масъуланд дар худи қонуни авф муқаррар карда мешаванд. Масалан, дар моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, мақомот ва муассисаҳое, ки иҷрои Қонуни мазкур ба зиммашон гузошта шудааст ба таври зерин муқаррар карда шудааст:

  1. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ;
  2. Судҳо;
  3. Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ.

Доираи шахсоне, ки мавриди авфи мушаххас қарор доранд, дар худи санади авф бо роҳи ба қадри имкон ба таври муфассал баён кардани онҳо муайян карда мешаванд. Масалан, тибқи моддаи 1  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки соли 2021 қабул карда шуд аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ чунин категорияи маҳкумшудагон новобаста  аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда  ва адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда,  озод карда шудаанд:

  1. Занон;
  2. Ноболиғон;
  3. Мардони аз сини 55 боло;
  4. Маъюбони гуруҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳаллаи 4 ва гуруҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил ва стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ба гуруҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
  5. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд;
  6. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;
  7. Шаҳрвандони хориҷӣ.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7-уми сентябри соли  2021-ро метавон ба зумраи санадҳои авфи дорои хусусияти васеъ дошта мансуб донист.

Дар санади авф ҳамчун қоида доираи шахсоне низ муайян карда мешавад, ки санади авф ба онҳо татбиқ намегардад. Чунончӣ,  дар қонуни авф, ки соли 2021 қабул карда шуд, чунин доираи маҳкумшудагоне муайян карда шудаанд, ки меъёрҳои санади мазкур нисбати онҳо татбиқ намегардад: онҳое, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст ва онҳое, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки санади авф нисбат ба шахсоне, ки ба онҳо дар баробари ҷазои асосӣ чораҳои маҷбурии тиббӣ дар шакли муолиҷа аз майзадагӣ ё нашъамандӣ таъин карда шудаанд, татбиқ шуда метавонад. Аммо одатан санади авф нисбат ба ин тоифаи маҳкумшудагон баъди ба охир расидани курси интенсивии табобат татбиқ карда мешавад. Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки ин қоидаҳо бояд бевосита дар санади авф ё ин, ки дар қарор (фармон), дар бораи татбиқи он пешбинӣ карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони истиқлолият дар ҷумҳуриамон 17 маротиба қонуни авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шудаанд. Аз ҷумла 7-уми сентябри соли 2021 ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ Қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардидаанд.

Ҳамин тариқ, авф бо мақсади амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ дар шакли санади меъёрӣ – ҳуқуқии қонун аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад ва аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи қонун дар амал татбиқ карда мешавад. Санади авф  боиси оқибатҳои муайяни ҷиноятӣ – ҳуқуқии муқаррарнамудаи Кодекси ҷиноятӣ мегардад. Ҳамчунин, санади авф хусусияти меъёрӣ дошта, нисбат ба категорияи алоҳидаи маҳкумшудагон ё ба ҳамаи маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои муайянро содир кардаанд, татбиқ мегардад. Инчунин, санади авф ба ҳамаи маҳкумшудагоне, ки таҳти таъсири он қарор доранд, сарфи назар аз он, ки онҳо розӣ ҳастанд ё не татбиқ мегардад.

Котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Наҷмудинзода О.Н.

Напечатать страницу Напечатать страницу