Вохӯрӣ бо толибилмони Литсейи хусусии “Эҳсон”-и шаҳри Душанбе

Санаи 16-уми феврали соли 2022 аз ҷониби сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Ф. ва кормандони ин раёсат Ҳамроқулзода Б., Шарипов Д., Фаррухзода К. ва мудири бахши омор ва ҷамъбастии амалияи судӣ Атоӣ Б. бо толибилмони Литсейи хусусии “Эҳсон”-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор карда шуда, ба саҳми онҳо муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва мавзӯи “Терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир” расонида шуд.

Ҳангоми вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ итминони комил доштанашонро ҷиҳати иштироки фаъолонаи ҷавонон дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин, муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем ва барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад, зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Такроран хотирнишон сохтанд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Дар баробари ғамхориҳои пайваста ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва фарҳангдӯсту меҳанпарасти ватанро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бо истифодаи оқилона аз шароитҳои муҳайёгардида, аз бар намудани дониши замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар рушди Ватани азиз саҳми худро гузоранд ва ба боварии Роҳбари давлат сазовор бошанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу