Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин ҳадафи стратегӣ аз як тараф ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар боис мегардад, ки аҳолӣ ба ғизои хушсифат дастрасӣ пайдо намоянд. Аз ин рӯ, баҳри расидан ба ин ҳадаф, ки барои беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Зеро амнияти озуқаворӣ – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин мегардад. Ҳамчунин дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, таъмин менамояд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки “имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад”.
Таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва чорабиниҳои дигареро, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи асосӣ дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии бӯҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд, маҳаки асосии таъмини озуқаворӣ ба шумор мераванд. Илова бар ин ҳадафи мазкур ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад.
Ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ карда мешавад. Ба ибораи дигар, пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст. Яъне пешрафти соҳаи кишоварзӣ амнияти озуқавориро пешбинӣ менамояд, ки дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, ки «дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд».
Барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум обу замин бояд самаранок истифода бурда шавад, то ки истеҳсоли маводи ғизоӣ афзун шавад. Бинобар ин, бояд аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот амри хеле зарурӣ аст. Дар ин замина, истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт кори асосӣ бар уҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Вале иҷрои он паҳлӯҳои зиёде дорад, ки ниёзмандиро ба ҳамкориҳои хориҷӣ тақозо мекунанд. Аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва ғ., овардани техникаи кишоварзӣ самтҳое мебошанд, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта амалӣ кардан мумкин аст. Ҳарчанд то андозае ин масъалаҳо дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худашро ёфта бошад ҳам, аммо ба пуррагӣ натиҷаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи қонеъкунанда кофӣ нест. Бинобар ин, дар чунин шароити ҳассос моро зарур аст, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо мамолики пешрафта ҷоннок намуда, беҳтарин усули кории онҳоро омӯзем ва дар кишвари худамон вобаста ба иқлими мусоиде, ки дорад, татбиқ намоем. Дар ниҳоят, чӣ тавре ки дар баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат пайваста қайд мекунанд, бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва нерӯи созанда бояд мо баҳри амалисозии ин ҳадаф кӯшиш намоем.
Ғоибов Ғоиб – муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо
Напечатать страницу