Паём-дурнамои муҳимтарин ҷанбаҳои зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумазода Мурод

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як барномаи мукаммале маҳсуб меёбад, ки дурнамои ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии аҳолии кишвари офтобиамонро муайян менамояд. Аз ин рӯ, Паём мавриди таваҷҷуҳи ҳамватанони дохилу хориҷ қарор гирифта, паҳлӯҳои гуногуни он мавзӯи таҳлилу тафсир қарор мегиранд.

Дар Паёми имсолаи сарвари давлат масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, ва байналмилалӣ ба таври возеҳ матраҳ гардиданд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат васеъ намудани шуѓли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солонаашон чун ҳамеша  соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба пешрафти ин соҳаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд. Зимни ироаи Паём далелу рақамҳои ҷолибе аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ки аз пешравии  ин соҳаҳо дарак медиҳанд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки «Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт».   Ҳамчунин Президенти кишвар масъалаҳои иқтисоди миллиро пурра мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки  «Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд. Аз ҷумла дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад». Агар мо ба далелу рақамҳои ин гуфтаҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳ зоҳир намоем, ба хубӣ дармеёбем, ки соҳаи иқтисодиёти кишвар марҳила ба марҳила рушд менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои  ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум кӯшиш ба харҷ медиҳанд.  Махсусан бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи амалҳои хайрест, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чунон ки дар Паём зикр шудааст: «Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад».

Пас ҳамаи моро зарур аст, ки гуфтаҳо ва фармудаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода барои рушди Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ҷумазода Муродалӣ Ҷума – Сардори шуъбаи муҳосибот ва таъминоти модию техникии судҳо

Напечатать страницу Напечатать страницу