ПАЁМ – РАҲНАМОИ РУШДИ МАМЛАКАТ ВА ҶОМЕА – Насруллозод Суҳроб

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки соли сипаригардида барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро, мардуми Тоҷикистон дар соли сипаригардида бошукӯҳ ва шаҳомати ҳисси баланди миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуд, ки соли 2021 барои ҳалқи азизамон соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Тавре Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат, зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ, 3240 муассисаи нави таълимӣ ва 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ буёнд гардид, ки аз ин аксарият иншоотҳои бунёд гардида барои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мебошанд. Ин рақамҳо баёнгари он аст, ки рушди илму фарҳанг ва таъмини саломатии ҷомеа омили аслии тақкими истиқлолият ва ҳадафи олии мамлакат мебошад.

Дар ин ҷода, Пешвои миллат зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аҳамияти бузург доштани соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат ва барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин, таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022 – 2026, яъне то ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Ин иқдоми Пешвои миллат шаҳодати онанд, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, баланд бардоштани масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёд намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ равона гардидааст. Зеро, Сарвари давлат дар Паёмашон изҳор доштанд, ки дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шудааст, ки хусусан дар соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳамзамон, дар бист соли охир бошад 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амлаӣ гардидааст.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маория, фарҳанг. таърих ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Рӯйдодҳои дигари муҳиму хотирмони соли сипаригардида, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат махсус таъкид гардид, ҷашни 2500 — солагии шаҳраки қадимаи “Таҳти Сангин” ва “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум” 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба руйхати муқаддамоти ЮНЕСКО ворид ва пазируфта шуданд. Инчунин, боз як намунаи меросии фарҳангии милли мо бо номи “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО ворид гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки авлавият додан ба рушди соҳаи фарҳанг дар заминаи бузургдошти осори гаронбаҳои таърихӣ ва нобиғаҳои илму фарҳанг дар сатҳи сиёсати давлатӣ аз тадбирҳои муҳимест, ки Президенти мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ пайваста амалӣ менамоянд.

Арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он дар ҷаҳони муосир, замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, ки тақозои замон арзёбӣ мешаваду аз сӯи дигар таҳоҷуми мафкуравӣ ва фарҳангиест, ки ҳастии маънавии миллатҳоро таҳдид мекунад, метавонад дар амри худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият омили ҳалкунанда бозад. Бо дарки амиқи ин ҷанбаи масъала Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паёми худ қайд намуданд, ки барои бознигарии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳар фарди Тоҷикистон ёфтани огаҳӣ аз гузаштагони худ намуданд. Аз ин лиҳоз, масъулияти азими рисолати насли даврони истиқлолият дар Паёми Пешвои миллат ин гуна мушаххас шуд: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошанд”.

Президенти мамлакат изҳор ¬доштанд, ки мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварро ба аҳли олам ҳар чӣ бештар муаррифӣ намоем. Ба хотири вусъат бахшидан ба ин раванди таърихӣ вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадор гардиданд, ки «ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикис¬тонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллияти миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».

Қобили зикр аст, ки баландтар намудани мақоми илму фарҳанг ва дар ин замина таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ¬Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот, муҳайё кардани шароити зарурӣ ва дар ин раванд боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид гардид. Бо назардошти ин авлавият сол то сол дар мамлакат иқдомоти нав амалӣ ва уфуқҳои тоза боз мегарданд. Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикис¬тон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки баргузории онҳо дар байни наврасону ҷавонони кишвар истеъдодҳои нодирро кашф намуданд, Сарвари мамлакат изҳор намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забони русӣ ва англисӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол чунин озмунҳо идома дода шаванд.

Дар радифи рушди илму фарҳанг ба рушди забони шево, шоиронаи тоҷикӣ, инчунин, рушди забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забони русӣ ва англисӣ низ эътибори аввалиндараҷа додан дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат таъкид гардид.

Роҳбари давлат, инчунин, вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатиро ба содиқона хизмат кардан ба халқи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ буданро вазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ донистанд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ зикр намуданд, ки ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлона то ҷашни мубораку муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ¬Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ бо кӯшишу ғайрат ва заҳмати фидокорона саҳми сазовор мегузорем.

Муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назорат Насруллозод С. Н.

Напечатать страницу Напечатать страницу