ПАЁМ – ТАҲКИМБАХШАНДАИ СОҲАИ МАОРИФ – Ҳамроқулзода Борбад

Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳолати калидии сиёсати соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳсилоти босифат ташкил медиҳад. Дар тамоми Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳсилоти босифат аҳамияти махсус ҳозир карда мешавад.

Дар  Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ба масъалаи мазкур диққати махсус зоҳир карда шуд. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.”

Муассисаҳои нави таълимӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини таҳсилоти босифат ба шумор меравад, зеро дар онҳо тамоми шароитҳои зарурии таълимӣ муҳайё карда шуда, хонандагон имкониятҳои зиёди аз худ намудани барномаҳои таълимиро доранд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон зикр карданд, ки “Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд”.

Ҳолати мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз низоми маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таълим ва тарбияи томактабӣ, маълумоти миёна, маълумоти ибтидоии касбӣ, маълумоти миёнаи касбӣ, маълумоти олии касбӣ, маълумоти пас аз хатми мактаби олӣ ва маълумоти иловагӣ иборат аст. Маълумоти миёна пойдевори низоми иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дараҷаи маълумотнокии миллатро муайян карда, дар маҷмўъ наcли ҷавони ояндасози миллатро ба ҳаёт тайёр менамояд.

Маълумотҳои ин сатҳ, ба наврасон барои амиқтар омўхтани фанҳои интихобшуда имконият фароҳам меорад, барои дастрас намудани зинаҳои олии маълумот онҳoро ҳавасманд мегардонад. Маълумот шахсро аз як зина ба зинаи дигари инкишоф мерасонад. Маълумот дар зинаҳои аввал чӣ қадаре ки бунёдӣ бошад, рушди босифати инсонро дар зинаҳои минбаъда ҳамон қадар бештар таъмин месозад.

Дар замони муосир шартҳои сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти инсонӣ баромад мекунад. Айни ҳол масъалаҳо оид ба баҳодиҳии сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Хусусиятҳои умумии тағйирёбии низомӣ дар низоми маориф ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ба таъмини сифати таҳсилот, мукаммалгардонии низоми баҳодиҳии сифат ва мутобиқати онҳо ба талаботҳои ҷомеа нигаронида шудаанд.

Сифати таҳсилот ин қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва бадастории чунин сатҳи маърифатнокии хонандагон маҳсуб меёбад, ки дар асоси ин хизматрасониҳо ба даст омадааст ва ба талаботи истифодабарандагони натиҷаи таълимӣ ҷавобгў мебошад. Нисбат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сифат ҳамчун дараҷаи мувофиқати сатҳи маърифатнокӣ ва тайёрии хонандагон ба сатҳи талаботи мувофиқатшуда оид ба азхудкунии барнома ё стандарти муайяни таълимӣ ё худ ҳамчун мувофиқати мутавозини маърифатнокӣ ва тайёрии хонандагон ба талаботи мухталифи шахсият, ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ намудани чораҳои зеринро таъкид намуданд:

  • дар панҷ соли минбаъда сохта ба истифода додани беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
  • қабул намудани консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ;
  • роҳандозӣ намудани таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ;
  • омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ.

Роҳандозӣ намудани чораҳои мазкур барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои таҳсилот мусоидат мекунад ва аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин – сармутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу