Хусусияти хоси Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тамоми рукнҳои ҷомеаи мутамаддин ва муосири тоҷик фарогири мароҳили гуногуни рушди устувор ва бемайлон буда, дар заминаи пояҳои асосии худ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чун миллати кӯҳанбунёду соҳиби фарҳанги воло, ҷиҳати рушд ва тараққиёти пайваста қалами устувор мегузорад.

Нақши дастур ва супоришҳои Пешвои миллат дар ин ҷо басо муҳим мебошад, чун тоҷикон аз аҳди бостон бо шарофати тадбиру хирадмандӣ ва маҳорати баланди кишвардонии фарзандони фарзонаи хеш дар ободии мамлакат номи нек ба ёдгор гузошта, ба ин васила дар рушди фарҳангу тамаддуни ҷамъият, махсусан дар қаламрави аҷдодии хеш, нақши муассире гузоштаанд.

Пеш аз ҳама аз шахсияти Куруши Кабир ёдовар бояд шуд, ки беш аз 2500 сол муқаддам нахустин дастури ҳуқуқии тамаддуни башар -эъломияи умумии ҳуқуқи инсони худро таҳия кард, ки он барои қавму халқиятҳои гуногунмазҳабу мухталиф озодии ақоид ва русуми зиндагии шоистаро ҷорӣ намуда, бори нахуст таҷрибаи ҳамзистии халқҳо, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии аъзоёни ҷамъияти гуногун ва иттиҳодияҳои онҳоро дар сатҳи қонун кафолат дод.

Ҳамчунин хизматҳои шоистаи Исмоили Сомонӣ низ бояд ёдовар гардад, чун бо пешбурди ояндасози сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ давлати қудратманди миллатро бунёд намуд, ки сармояи он ҳам дар замони кишвардориаш ва ҳам дар чанд асри баъдина фарҳанги оламшумули миллӣ ва шахсиятҳои бузурги ҷаҳониро ба майдон овард.

Барои марҳилаи таърихии давлатдории тоҷикон як зуҳури нави давлатдорӣ, ки ҳам дар оинаи таърих ва ҳам дар дебочаи зеҳнии таърихии ҳар шахс таҷассуми худро ёфтааст, ин даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизу маҳбуб мебошанд. Албатта мавҷудияти мамлакати алоҳида ва мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир кори оддӣ набуда, ҷонфидоӣ ва кӯшиши бомақсад, шахсиятҳои муайяни таърихиро талаб менамояд. Аз ин хотир бо талошҳои ватандустонаи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати кунунии мавҷудияти худ ба ҷаҳониён дарак дод, ки ҳолати мазкур дар Конститутсияи Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо талошу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат доимо ислоҳоти муҳим ва мақсадноки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигаргуниҳои муҳиме рўи кор омаданд, ки ин ҳолат албатта ба сифати ҳодисаи таърихӣ барои мардум ва халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар 30- солагии истиқлолият мушкилот ва монеаҳои давраи нав бартараф, пойдевори давлати мустақил гузошта шуд, оғози иқдомҳои бузурги бунёдкорона ва дигаргуниҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баровардани мамлакат аз бумбусти комуникатсионӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул ба стратегия ва самти асосии сиёсати давлатӣ мубаддал гаштааст.

Монанди солҳои қаблӣ имсол низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ироа карда шуд, ки бо махсусиятҳои хосаи худ тавонист ҳадафҳои стратегияи минбаъдаи худро таҷассум намояд.

Аз ҷумла, қайд кардан  ба маврид аст, ки дар паён нуқтаҳо ба монанди зер махсус зикр гардиданд: Ҳукумати мамлакат бо дар назардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.

То охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад”.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 –2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Дар умум мо метавонем, ки чунин махсусиятҳои хоси Паёми имсолаи Сарвари давлатро нисбат ба солҳои қабли ба таври муқоисавӣ таҳлил намоем:

– Паёми имсола хислати натиҷанок буд, зеро дар он факту рақамҳо таҷассути худро ёфтаанд, ки дар масири давраи Истиқлолият ба даст оварда шуданд;

– Паёми имсола боз як маротиба хислати стратегии худро таҷассум кард, ки марҳилаи рушди аз 5 сол то 20 солро фарогир буд. Яъне дар ин маврид дар пасманзари Паём Барнома, Консепсия ва Стратегияҳое пешбинӣ шуданд, ки марҳилаи минбаъдаи муҳлатнокро дар худ таҷассум кардаанд.

Дар баробари ин мо метавонем иброз намоем, ки бевосита анқариб тамоми ҳадаф ва мақсадҳое, ки дар ироаи Паёмҳои қаблӣ зикргардида ва дар Паём бо ибтикори 30- солагии Истиқлоли давлатӣ натиҷагири карда шуд, бори дигар исбот намуд, ки Паёми Президент дар меҳвари ҳадафҳои минбаъдаи рушди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калиди дорад.

Дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқи низ таъсири Паёми имсола бисёр муассир буд, ки ҳолати мазкурро мо метавонем аз пешниҳодоти қабул намудани чунин санадҳо мушоҳида намоем:

«Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030»;

«Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ»;

«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»;

«Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

«Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»;

Бо сарварию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “роҳи тайкардаи мо дар давоми сӣ соди гузашта, инчунин дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ниол гардидем, як нақтаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити дар шароити мураккабу буҳрони ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоди соҳибисихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтани роҳбарияти давлату Ҳукумат бо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем.”

Аз ин рӯ, бояд қайд намуд, Паёми имсолаи Сарвари кишвар аз паёмҳои қаблӣ фарқ дорад, чун боз ҳам фарогиртару пурдалел ва печида бо тавзеҳоту арқоми фараҳбахш мебошад.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Қаландарзода М. С.

Котиби маҷлиси судӣ                                                                Фаррухзода К. Ф.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу