Тавре маълум аст, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гашт, ки дар он дар қатори ҳамаи дастоварду комёбиҳо, ва камбудиҳои соли гузашта инчунин оид ба эълон намудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” гуфта гузаштанд.
Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се самт: Таъмини амнияти озуқаворӣ; Раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ; Ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона гардида буд, ки дар ин фосилаи ками таърихи даврони истиқлолият барои расидан ба ин ҳадафҳо корҳои зиёде анҷом дода шуд. Дар баробари ин дигар ҳадафи стратегӣ ҳанӯз соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар саноаткунонии босуръатро ҳадафи миллӣ эълон намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳа дар рушди иқтисодиёти миллӣ, мавҷудияти имкониятҳои истеҳсолӣ, аз қабили қувваи барқ, захираҳои корӣ, ашёи хоми маҳаллӣ ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ ба маҳсулоти соҳаҳои гуногуни саноат тадбири саривақти буд. Ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ равона гардидааст.
Мушоҳидаи рушди кишварҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки аксари давлатҳои мутараққӣ дар ҷаҳони муосир ба рушди саноат ва саноатикунонии мамлакаташон, барои аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани кишвар диққати бештар додаанд.
Мисол меорем, давлати Ҷопонро, ки имрӯз яке аз давлатҳои аз ҷиҳати саноати пешрафта маҳсуб меёбад, бо кадом роҳҳо ба ин мақсад ноил гардид. Давлати Ҷопон пеш аз ҳама 50%-и тамоми даромадҳои буҷаи худро ба соҳаи маориф аз ҳисоби манъи тақвият бахшидани неруҳои ҳарбӣ пас аз шикаст дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ равона намудааст. Ҳар мутахассиси ҷопоние, ки берун аз давлат фаъолият менамуд, донишҳои техникию технологиро сари вақт ба ватани худ мерасонид. Ҳар гоҳе ки ин мутахассисон ба кишвари худ ташриф меоварданд, курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ташкил шуда, аз ҳар 18 вилоят намояндаҳо иштирок мекарданд. Дар навбати худ намояндаи вилоятҳо дар минтақаи худ ба фиристодагони ноҳияҳо ва онҳо ба мутахассисони корхонаҳои ноҳиявӣ навгониҳоро мерасониданд. Ҳамин тариқ, навигариҳои илму техника дар сатҳи пешрафти ҷаҳонӣ дар муддатҳои кӯтоҳтарин дар корхонаҳои Ҷопон татбиқ мешуданд.
Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустиалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад. Барои ба кишвари индустиалӣ табдил ёфтан пеш аз ҳама мавҷудияти ду омили асосӣ – манбаи энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин омилҳоро таъмин карда, заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб меравад. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Тоҷикистон баръало ҳис мекунем.
Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст.
Воқеан ҳам тавре, ки бархе аз коршиносон иброз намуданд, гузаштани давлати дорои маблағи қарзӣ дошта аз аграрӣ-индустралӣ ба индустарлӣ –аграрӣ мушкил аст. Ва ҳамчунин бояд ҳаминро қайд намудан мумкин аст, ки ҳар як давраи гузариш ба худ мушкилиҳо дорад. Бо гузашти вақт ва масъулиятнок фаъолият намудан монеаҳо ҳалли худро меёбанд. Хушбахтона, новобаста аз монеаҳо Пешвои миллат ин ҳадафро пешниҳод карданд ва барои расидан тамоми унсурҳои дохилӣ ва секторҳои хусусӣ бояд ҷалб карда шаванд. Андешаи давлате, ки қарзи беруна дорад ё рушди иқтисодиёт ба маблағҳои қарзӣ вобастааст, ҷой дорад. Мо қарзи берунадоштаро мушкилӣ гуфта наметавонем. Зеро давлате нест, ки бе қарзи берунӣ иқтисодиёташро рушд намояд. Танҳо риоя намудани меъёри асосиии фоизи қарзӣ вуҷуд дорад. Имрӯз барои мо ҷалби сармояҳои хориҷӣ хоҳ дар шакли қарзӣ бошад ва ё сармоягузорӣ зарур аст.
Барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва гузаштан аз шакли аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ якчанд роҳҳо ва заминаҳоро бояд амали намуд ва зимни пешбари ва амали намудани чунин роҳҳо мо метавонем, ки давлати худро ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон мубаддал гардонем.
Барои дар амал татбиқ намудани барномаҳо ва дигар стратегияҳо дар мадди аввал дар асоси банди 5-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, муқаррар карда шуд, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузори карда шудааст.
Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «27» майи соли 2020, №293 “Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025” тасдиқ карда шудааст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати кишвар, бобати бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва солимгардонии онҳо, бахусус корхонаҳое, ки қаблан хусусӣ гардонидашуда, вале аз фаъолият бозмондаанд, инчунин бобати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда,
Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар моро гувоҳи дод, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон намоем.
Аз баромади дар боло зикршуда ва паёми ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуллоса баровардан мумукин аст, ки ҳадаф аз қабули “Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025” ва солҳои 2022–2026, элон намудани «Солҳои рушди саноат» ин таъмин намудани дохили ҷумҳурӣ бо маҷмӯи молҳои дохилӣ (ММД), инчунин, ба содирот низ баровардани он мебошад. Ба роҳ мондани маҳсулотҳои ба воридотивазкунанда ва ба воридот нигаронидашуда яке аз самтҳои асосии саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад. Зарурати дигари ин пешниҳод он аст, ки бо ташкил шудани корхонаҳои хурду миёна сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, аҳолӣ ба кор ҷалб мегардад ва саноат рушд менамояд. Бо ин васила мушкилии муҳоҷирати меҳанат тавассути саноатикунонӣ каме ҳам бошад ҳалли худро меёбад.
Дар ниҳоят, чӣ тавре ки дар баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат доимо қайд мекунанд, мо бояд бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва нерӯи созанда бояд мо баҳри амалисозии ин ҳадаф кӯшиш намоем. Зеро ҳеҷ бегона хонаи моро обод ва моро хурсанд карда наметавонад. Ҳар як мамлакат барои пешрафти худ ва манфиатҳои миллии худ сиёсаташро пеш мебарад. Моро танҳо зарур аст, ки дар атрофи роҳбари худододамон муттаҳид шавем, Тоҷикистони саноатиро бисозем. Давлатҳое, ки рӯй ба саноат овардаанд ва пояи саноати миллиашонро мустаҳкам доштаанд, зиндагии боз ҳам осудаҳолона доранд.
Бегумон амалӣ намудани ин ҳадафҳои стратегӣ ва иқдому дастурҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонию имонии тамоми мо мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Мутахассиси пешбари Раёсати судҳо ва баррасии муроҷиатҳо Қодиров С.Қ.
Напечатать страницу