28 январи соли 2022 бо мақсади иҷрои банди 2 Нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ доир ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоишро Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода М.С., оғоз намуда қайд карданд, ки Сарвари давлат бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун чароѓи роҳнамои фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, «бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад».
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Масъалаи таъмини адолати судиву иҷтимоӣ дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат баён гардида, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон аз рӯи принсипи инсондӯстӣ амал мекунанд, ки тавре дар Паём таъкид гардид, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд.
Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф мегардад.
Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур судяи Суди Олиии иқтисодӣ Камолзода Р. дар мавзӯи “Рушди судҳои иқтисодӣ дар меҳвари Паём”, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х. дар мавзуи “Паём ҳуҷҷати барномавӣ дар рушди саноат” ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М., дар мавзӯи “Паём дар меҳвари рушди иқтисодиёт” баромад намуда, зимни баромадҳои худ нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Паёми мазкурро роҳбарият, судяҳо ва кормандонии дастгоҳи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи фаъолияти қарор дода, бобати иҷроиши он, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ҷиҳати амалишавии он чораҳои таъхирнопазир меандешад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу





