Имрӯз дар суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодӣ бахшида ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузоро гардид.
Чорабиниро муовини Раиси суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки аз таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ бармеояд, ки ҳокимони давр барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд.
Аз миёни рамзу нишонаҳо Парчам таърихи рангину қадима дорад. Таҳқиқоти бостоншиносӣ собит намудааст, ки парчамсозии халқи ориёӣ аз давраи давлатдории Пешдодиён ва Кайёниён ибтидо мегирад, ки ин аз ливобардории мардуми мо дар оғози давлатдории башарият башорат медиҳад.
Дар адабиёти оламшумули тоҷику форс, аз ҷумла, дар ашъори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Дақиқӣ, Носири Хисрав, Низоми Ганҷавӣ, Мавлонои Румӣ ва дигарон бузургии Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ васф шудааст.
Дар замони муосир ҳар як давлати мустақилияташ эътирофгардида соҳиби муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатии худ мебошад. Воқеан ҳам қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо низ мазмуну мундариҷаи нав бахшид.
Парчами давлатӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад ва мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола дар сар то сари кишвар 24 ноябри Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки парчаме, ки дар маркази пойтахти кишвар қомат афрохтааст, дар китоби Гинесс ворид гардидааст. Ин омил аз эҳтироми муқаддаси миллӣ шаҳодат медиҳад.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Зикр гардид, ки эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик дар пайравӣ аз сиёсати оқилона, созандаву бунёдкрона ва сулҳовару инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар гардида, минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд, бо муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбубу халқи азизамон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунем.
Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиши имрӯза иштирокчиён дар мавзӯҳои гуногун баромад намуда, доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу