Эҳтироми Парчами давлатӣ вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии мо мебошад – Қаландарзода М.С. Раиси СОИ ҶТ

Боиси ифтихору фараҳмандӣ аст, ки мардуми Ватани азизамон дар таърихи навини худ соҳиби Парчами давлати соҳибихтиёр буда, Парчами Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар бинои ин ниҳодҳо партавфишон аст. Парчами давлатӣ мулоқоту ҳамоишҳои сатҳи баланд,  робитаҳои дипломатӣ, сиёсиву иқтисодӣ, равобити дӯстиву ҳамкорӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзиширо чун рамзи давлати озод муаррифгар ва оро медиҳад.

Парчаму  парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихии бостоншиносӣ парчамдории мардуми мо таърихи зиёда аз 4000 – сола дорад.

Олимони бостоншинос таҳқиқ намудаанд, ки парчамсозии мардуми ориёӣ аз даврони давлатдории Пешдодиён ва Кайёниён ибтидо мегирад. Ин омил башорат медиҳад, ки мардуми тоҷик аз оғози давлатдории хеш таҷрибаи ливобардориро соҳиб буд. Дар адабиёти оламшумули тоҷику форс, аз ҷумла дар ашъори  безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Румӣ, Саъдӣ ва дигар мутафаккирон бузургии Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ васф шудааст.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи арҷгузории Парчам аз «Шоҳнома» – и безаволи Фирдавсӣ дар бораи корномаи Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза умр ба сар мебурд, ба мушоҳида мерасад.

Чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик ва корномаи Коваи диловар рафт, ба хотир шоҳасари ҷаҳонии Фирдавсӣ «Шоҳнома» – и безавол меояд, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагӣ буда, аз муборизаи қаҳрамонони миллии халқи тоҷик ёдовар мешавад.

Саҳифаҳои таърих ин рӯйдодро ба қайд гирифта, минбаъд он намунаи ифтихори ватандӯстонаи мардумони мо муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ, парчами Коваи оҳангар дар зеҳни мардуми ориёӣ то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накардааст. Аз он айём нисбати Парчам ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва давлатдории аҷдодон садоқати мардумӣ зиёдтар гардидааст.

Бо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ 24 ноябри соли 1992 дар  Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз  ҷумла Парчам қабул гардида, бо нишони эҳтирому садоқат аз соли 2009 инҷониб рӯзи 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.

Аз варақгардонии саҳифаҳои таърихии халқи тоҷик маълум мегардад, ки парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дошта нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ ба шумор меравад.

Муқаддас будани Парчам боз дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарию баробарҳуқуқӣ ва барқарорсозию тантанаи адлу адолат баланд мебардорад.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.

Парчаме, ки дар марказӣ ҷумҳурӣ қомат афрохтааст дар китоби «Рекордҳои Гинесс» ворид гардидааст. Бунёди он аз эҳтирому арҷ гузоштан ба ин рамзи давлатӣ шаҳодат медиҳад. Имруз сокинони мамлакат дастоварди мазкурро пайгирӣ мекунанд ва бо эҳтирому арҷгузорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар майдонҳои гулпӯшу сабзу зебо Парчами давлатӣ қомат афрохтааст.

Қадршиносӣ аз давлату Парчам ва ифтихор аз гузаштаи имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб ё таъин гардидан ба мансабҳои ҳокимияти давлатӣ, хизмати давлатӣ шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣ  савганди садоқату вафодорӣ пеш аз шурӯъ ба иҷрои вазифа бо тартиби муқарраргардида қасам ёд мекунад. Чун қоида дар ҷойи баргузории маросими қасамёдкунӣ  Парчам гузошта мешавад, ки эҳсоси муҳаббату садоқат ба Парчамро бори дигар собит менамояд.

Фикр мекунам, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчам бояд дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар бояд доимо ҷой дошта бошад.

Воқеан, дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф шудааст. Дар Қонуни мазкур тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ муқаррар карда шудааст.

Дар Қонуни мазкур  ҷой ва тартиби ба таври доимӣ афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Муқаррароти Қонуни мазкур эҳтирому қадршиносиро ба Парчами Тоҷикистон ҳидоят менамояд.

Дар тули 30 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ шаҳрвандони мамлакат ҳадафҳои стратегиро амалӣ намуда, роҳҳои зиёд сохта ба истифода дода шуд ва мамлакатро ба роҳҳои азими хориҷ пайваст намуда, даҳҳо нақбҳо роҳҳои мушкилу дурро барои мардумаш наздику бехавф гардонид. Даҳҳо иншооти азими аср бунёду ба истифода дода шуда, хонаи тоҷикистониён мунаввару равшан гардид ва ҳазорҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳматҳои беандоза бузурги Пешвои муаззами миллат ва ҳисси ватандӯстии сокинони мамлакат мебошад.

Ҳамкасбони азиз, Шумо ва кулли ҳамватанонро бо фарорасии иди Парчами давлатӣ самимона муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву саодати рӯзгор, иқболи неку пирузиҳоро орзу дорам.  Таманнои онро менамоям, ки дар партави сулҳу суббот рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат пойдор ва ободиву осоиштагӣ дар кишвар устувору парчами Тоҷикистони азизамон ҳамеша бар сари миллати кӯҳанбунёд парафшон бошад.

Напечатать страницу Напечатать страницу