Санаи 12 ноябри соли 2021 Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Ҷ.А. ва мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Суҳроб дар маҷлиси сайёри судӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт бо сокинони ҷамоати мазкур вобаста ба дастовардҳои бадастомада дар 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи аҳамияти Ваҳдатӣ миллӣ барои мардуми Тоҷикистон, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва терористидошта ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, бахусус пешгирии ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву бегона, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)” суҳбат намуда, ба саволҳои иштирокунандагон посухҳои мушаххас доданд.
Маркази матбуоти СИО ҶТ
