«Нақши Президент дар эҳёи давлатдории навини миллии тоҷикон» ҳамоиш дар СОИ ҶТ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида батаҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Президент дар эҳёи давлатдории навини миллии тоҷикон» ҳамоиш баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳро раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ оғоз намуда иброз доштанд, ки бо манзури  эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату  ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми  Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шуд.

Ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст.

Ин рузи таърихӣ чун  таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Ҳамчунин доид ба нақши Президент дар эҳёи давлатдории навини миллии тоҷикон ва аҳамияти таърихии ин сана суханрони намуданд.

Дар идома судяи Суди Олии иқтисодӣ Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ дар мавзӯи «Нақши Президент дар таҳкими ҳокимияти судӣ», судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода Одил Бобохуҷа дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон» ва котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодӣ Зокирова Нодира Иномҷоновна дар мавзӯи «Доираи салоҳиятҳои Президент тибқи Конститутсия ва дигар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

 Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу