Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –   Котиби маҷлиси судӣ Ҷаборов Ҳикматулло

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашн дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халку Ватан савганд ёд кардаанд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиклол, ки аз тарафи мардум кабул карда шуд, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли Ҷумхурии Президентӣ табдил дода шуд. Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт. Низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзур намудани ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии Қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои Қонунхо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми Президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иктисодиёт, сиёсат, фарханг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба макоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, макоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Рахмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳукукию сиёсии ниҳоди Президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил дихад. Илова бар ин фаъолияти Эмомалӣ Рахмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат – Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки ин халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифонро оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба ватан баргардонд ва шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккулёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табии дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши ҷашмашон аз як навҷавони навкад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғуши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табии мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки ҷеҳраи ӯ ҷеҳраи табии, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматхои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

                                                          Котиби маҷлиси судӣ: Ҷаборов Ҳ.Х.

Напечатать страницу Напечатать страницу