Шанбегӣ дар суд

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, кормандони дастгоҳи суд ва иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.

Мақсад аз гузаронидани ин шанбегӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар шанбегӣ кормандон бо таври дастаҷамъона гирду атрофи бинои суд, майдони дарахтон ва гулҳои ороиши аз баргу хазонҳо тоза ва гирду атрофи дарахтон ва гулҳои ороиши нарм карда шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ  

Напечатать страницу Напечатать страницу