Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баргузории мизи мудавар дар СОИ ҶТ

5 ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ба муносибати  27 солагии Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар мавзӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудавварро   Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. оғоз намуда қайд карданд,

Қобили зикр аст, ки нақши созандагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи сарнавиштсози миллати тоҷик басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».

Маҳз дар заминаи суханҳои бунёдии Президенти мамлакат гуфтан мумкин аст, ки Конститутсия ҳамчун як ҳуҷҷати тақдирсози роҳнамои миллат ва санади бунёди сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Конститутсияи кишвар, ки маҳз бо талошу заҳмати халқи ватани азизамон қабул ва боис гардид, ки Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Дар идомаи чорабини судяи Суди Олии иқтисодӣ Нуриддинӣ Нуруллохоҷа Бадалзода дар мавзўи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили таъмини адолати судӣ» ва иҷрокунандаи вазифаи мутахассиси пешбари бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олии иқтисодӣ Фарҳодзода Волида дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафил ва ифодаи иродаи халқ» баромад намуданд.

Дар анҷом роҳбарияти суд кулли кормандони судҳои иқтисодиро ба муносибати ин рӯз табрику таҳният намуда дар амалигардонии мақсаду мароми конститутсионӣ комёбиҳо таманно намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу