Спитамен: Нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуӯҳмоҳаи якуми соли 2021

Санаи 14 октябри соли 2021 дар ноҳияи Спитамен маҷлиси ҷамъбастии фаъолон оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳмоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидимомхӯҷа Акбаров иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар кори маҷлис муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, занон ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Дар доираи кори маҷлис оид ба нишондихандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳмоҳаи якуми соли 2021 ҳисобот ироа гардид.

Дар рафти маҷлис аз масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ба сухан баромад намуда, оид ба нишондихандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳмоҳаи якуми соли 2021 фикру ақидахои хешро иброз намуданд.

Номбурда дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар сафари кории охирон ба вилояти Суғд зикр дошта буданд, ба масъулин ва иштирокчиёни маҷлиси ҷамъбастӣ ёдрас гардид.

Таъкид гардид, ки бунёдкорӣ ва созандагӣ дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ин раванд дар ноҳияи Спитамен тақвият дорад.

Масъулин муваззаф шуданд, ки камбудиҳои ҷориро саривақт бартараф намуда, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу