«Забони миллат-эҳёи давлат» баргузории мизи мудаввар

Имрӯз дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арзёбӣ намудани арзишҳои забони давлатӣ дар мавзӯи «Забони миллат-эҳёи давлат» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир бо сухани ифтитоҳии худ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, иброз намуданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пайравӣ аз сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷонибдории халқ баъди ҳазорсолаҳо забони тоҷикӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоси забони давлатиро касб намуд. Роҳбарияти олии мамлакат аз рӯзи аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба хотири устуворӣ, пойдорӣ ва рушди забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зеро забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигар равона шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 1995, №662 бобати иҷрои Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити мусоид барои тавсияи забони давлатӣ ва забонҳои миллӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи забонҳо ва истилоҳот Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ намуданд. Минбаъд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №604, аз 31 октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Инчунин соли 1997 Барномаи рушди забони давлатӣ қабул ва мавриди татбиқи қарор дода шуд. Соли 2005 бо назардошти инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳияи маълумот бо забони тоҷикӣ (барномаҳо оид ба шинохти матнҳои компютерӣ, санҷиши имло), тарҷумаҳои автоматии матнҳо ба дигар забонҳо ва баръакс ба забони тоҷикӣ, Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ барои солҳои 2006-2008 қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифт, ки имрӯз ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд, умуман хизматчиёни давлатӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҳуруфи забони тоҷикӣ истифода менамоянд.

Бо мақсади рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми шаҳрвандон ба забони тоҷикӣ ва таҳкими минбаъдаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 291 аз 26 июли соли 2007, соли 2008 соли рӯзи забони тоҷикӣ эълон гардида, он бо иди 1150 солагии асосгузори адабиёти тоҷику порс  Одамушуаро-Султони шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ якҷоя ҷашн гирифта шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам арҷ гузоштани ба ниёкони худ ва барои истифодаи дурусти забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 05 октябри соли 2009, №553 дар таҳрири нав қабул гардида, вазъи ҳуқуқии забони муайян гардид.

Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бояд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардид, ки дар заминаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд.

Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як судя ва корманди дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар татбиқу амалишавии кору вазифаҳое, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро иҷрои барнома қадами қатъӣ дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идома муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М. дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ муаррифкунандаи давлати навини тоҷикон», судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Баҳриддиндар мавзӯи «Истифодаи забони тоҷикӣ дар самти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Ғоибов Ғоиб дар мавзӯи «Таърихи ташаккули забони тоҷикӣ» ва  Қодиров Суҳроб дар мавзӯи «Рушди забони давлатӣ дар ҷомеаи навин» баромадҳо намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии рӯзи забони давлатӣ табрик намуданд.

Зимни баромадҳо аз ҷониби баромадкунандагон таъкид карда шуд, ки забони миллӣ-яке аз рукнҳои асосии давлатдорист ва Пешвои миллат дар китоби «Забони миллат-ҳастии миллат», дар бораи гузашта ва имрӯзи забон суханҳои нек гуфтаанд. «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу