Забони давлати дар даврони истиқлолият – Суҳроб Қодиров, корманди дастгоҳи суд

Боиси ифтихору сарфарозии мо миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузоштан ба ин муҷаддасот санаи 05 октябри соли 2009 ба номгӯи ҷашнҳои миллӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, ҳамасола ин санаи муборак ҳамчун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хоса ва шукргузори аз миллату забони хеш ҷашн гирифта мешавад.

Мақсади асосии мо низ аз сазовор истиқбол гирифтани ин санаи мубораку тақдирсоз пеш аз ҳама ҳифзу гироми доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, маҳз аз амали гардидани талаботҳои дар боло зикршуда вобастаги дорад.

Даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин қадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд. Ҳамин аст, ки дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад».

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардид.

Мақсади асосии барнома ин пеш аз ҳама эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст, истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги худшиносиву худогоҳӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи забони адабӣ аз унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона, танзими истилоҳоти соҳавӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла, номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ бо забони давлатиро дар бар мегирад.

Беҳтарин ҳадяе, ки Худованд ба инсон додааст, ин забон аст. Маҳз забону сухан, каломи нерубахши инсон буда муносибатҳои қавии инсон ва ҷомеаро ба танзим дароварда, мавқеи инсонро дар ҷомеъа муайян менамояд. Бинобар ин, донистани забони ноби модарӣ, дар такя ба он омӯхтану донистани забонҳои ғайр вусъати ҷаҳонбинии шахсро пурмуҳтаво мегардонад. Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро низ забони давлатӣ муайян менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муносибатҳои мухталифи ҷомеъа бо ҳамин забон ба расмият дароварда мешавад. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкориҳои судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад.

«Забон худ ин сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор рафта, баҳри камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсондустиву инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, байни онҳо решаи дӯстӣ ба вуҷуд меорад».

Забон худ муарифгари давлату миллати хеш мебошад. Маҳз ин забони нобу шоиронаи тоҷикиамон мебошад, ки имрӯз аҳли сайёра моро бо номи “тоҷикон” давлатамонро бо номи “Тоҷикистон” ва забонамонро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанду эътироф мекунанд.

Гуфтаҳои дар боло зикршуда гувоҳи онанд, ки мо бояд барои боз ҳам устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намуда, ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш намуда, нақш ва мақоми забони давлатиамонро дар арсаи байналмилалӣ бахуссус байни дигар забонҳои олам баланд бардорем.

Барои расидан ба ин ҳадаф мо соҳибзабонони дохил ва бурунмарзи кишваро зарур аст, ки дар мади аввал “забони модарии худро дӯст дорем, дар сатҳи баланди забондонӣ омӯземаш, ҳифзаш кунем ва ба қадраш бирасем ва аз тарафи дигар сатҳи забондонӣ ва маданияти сухангуии худро баланд бардошта барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модари ва риояи меъёрҳои забони адабӣ пайваста кӯшиш намуда, ҳама гуна барнома ва қонунҳое, ки баҳри рушд ва инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ қабул мешаванд, дастаҷамъона ва холисона дастгири намуда, ба таърих, фарҳанг, тамадун, забон ва урфу одатҳои миллии хеш арҷ гузошта аз истифодаи фарҳанг, тамадун ва урфу одатҳои барои миллатамон бегона худорӣ намоем.

Роҷеъ ба ин масъала Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханрониҳояш қайд менамояд, ки «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.

Зеро, ки таърих гувоҳ аст, ки зимни роҳ додан ба беэътиноӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва истифодаи фарҳанг, тамадун ва урфу одатҳои барои миллатамон бегона метавонад ба нестшавии забон, таърих, миллат фарҳанг ва урфу одатҳои миллати хеш гардад. Дар чунин замина миллат низ дер ё зуд тафакур ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст медиҳад.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар мадди аввал забони модарии худро пурра омӯзем, ҳифз кунем ва ба қадраш бирасем. Зеро, ки «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Чуноне, ки шоири ширинкалом дар вазфи забони тоҷикӣ порчаи шеъриеро чунин бар қалам овардааст.

Ай бақои ҷисму ҷони мо, забони тоҷикӣ,

Давлату ному нишони мо, забони тоҷикӣ.

Себи ширини Самарқандию қанди порсӣ

Шаҳд дар кому даҳони мо, забони тоҷикӣ.

Бо «Авасто», «Занд»-у «Позанд»-у бузургони Аҷам

Сад ҷаҳоне дар ҷаҳони мо забони тоҷикӣ.

Гаштаи болонишин дар минбару тахти баланд,

Офтоби осмони мо, забони тоҷикӣ.

Эътибори миллати моро ба дунё бурдаӣ,

Ифтихору шаъну шони мо, забони тоҷикӣ.

Шири поки модарӣ ҷо гашта дар шарёни мо,

Шираи кому забони мо, забони тоҷикӣ.

Тоҷике то ҳаст дар дунё, бимонӣ ҷовидон,

Ай шукуҳи ҷовидони мо, забони тоҷикӣ.

Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон ин аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

Корманди Дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Қодиров Суҳроб

Напечатать страницу Напечатать страницу