Спитамен: Роҳпаймоии идона ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатӣ

Дар ноҳияи Спитамен низ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилоту идораҳои гуногун, кормандон ва сокинони ноҳия бо ифтихор аз эҳсоси волои ватандӯстӣ иштирок намуданд.

Ин ташаббус ҷиҳати сазовор таҷлил намудани рӯйдоди муҳими таърихӣ, солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар маросими ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ иштирок намуданд.

Темурҷон Нӯмонзода, Раиси ноҳияи Спитамен зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои замони истиқлол сухан намуда, аз нақшу саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ҳарф зад.

Таъкид гардид, ки истиқлолият неъмати нотакрор буда, ҳимоя ва гиромидошти ин арзиши олӣ вазифа ва масъулияти ҳар як шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Хотиррасон менамоем, ки чунин роҳпаймоии идона ба муносибати рӯзи истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳияи Спитамен низ фаъолона ширкат намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу