Спитамен: Истиқбол аз истиқлол, Барномаи фарҳангии театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказии ноҳия

Намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Спитамен аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил доранд. Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан

аз 30 соли истиқлол бо ташаббуси мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия силсилаи ташаббусҳои зарурӣ идома дорад.

Дар доираи ин ибтикорот шоми гузашта дар варзишгоҳи марказии ноҳия барномаи фарҳангии театрикунонидашуда ба намоиш гузошта шуд, ки ҷиҳати тамошои он сокинони ватандӯсту худшиноси ноҳия ба ҳам омаданд.

Барномаи фарҳангӣ бо суханронии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ифтитоҳ ёфт.

Номбурда дар бораи роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар масири 30 соли истиқлол ибрози назар намуд.

Оид ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода сухан кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Роҳбари давлат давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардида, сӯйи пирӯзиҳои назаррас қадамҳои устувор мегузорад.

Гуфта шуд, ки истиқлол дастоварди олитарини миллати тоҷик буда, ҳимоя ва ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо масъулият, вазифа ва рисолати ҳар як сокини Тоҷикистон аст.

Баҳри болидахотирии сокинон барномаи фарҳангӣ манзур гардид, ки ба таҷлили ҷашни миллии истиқлоли давлатӣ таровати бештар эҳдо намуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар ноҳияи Спитамен чунин тадбирҳо идома дошта, имрӯз сокинон бо рӯҳи болида ва ифтихор аз истиқлол ин рӯйдоди муҳими таърихиро таҷлил доранд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу