Спитамен: Баргузории паради ҳарбӣ бо шаҳомати хос бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Паради ҳарбӣ ба муносибати 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен низ бо шукуҳу шаҳомати хос доир гардид.

Чорабиниҳои расмии ҷашни муқаддаси истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат имрӯз бо расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот оғоз гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар паради ҳарбӣ таъкид намуданд, ки ҳарчанд ки мардуми мо баъди расидан ба ин рӯзи босаодат, яъне истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати хиради азалии худ ба аҳли башар исбот намуданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.

Дар чорабинии паради ҳарбии ноҳияи Спитамен намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси суди олии иқтисодӣ мӯҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ иштирок намуданд.

Темурҷон Нӯмонзода, Раиси ноҳияи Спитамен зимни суханронӣ кулли иштирокчиёни паради ҳарбиро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз неъматҳои замони истиқлол сухан кард. Номбурда таъкид дошт, ки истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ҳамчун рӯйдоди таърихӣ ва фараҳбахш сабт гардида, ба мардуми Тоҷикистон имконияти нодири таърихии бунёди давлати мутамаддинро фароҳам овард.

Воқеан истиқлоли давлатӣ олитарин дастоварди халқи тоҷик дар масири даҳ асри охир аст. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ дар ноҳияи Спитамен силсилаи тадбирҳои судманд идома дорад. Дар фазои озоду обод ва бо шукуҳи хос доир шудани паради ҳарбии имрӯза аз зумраи чунин ташаббусҳост, ки самара ва файзи истиқлоли давлатист.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу