Дастовардҳои Истиқлолият дар таҳкими адолати судии иқтисодии электронӣ [TJ/RU/EN]

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як миллату давлат  арзиши олӣ дошта, заминаи асосии давлату давлатдорӣ, ободкорӣ, кору пайкориҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, ноил гардидан ба мақсадҳои дар пеш истода, ба даст гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобастагии ногусастанӣ дорад. Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми бузурги тоҷик нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштиву абадият овардаааст.

Боиси ифтихор мебошад, ки имсол 30 –юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. 30 – соли сипаригардида барои Тоҷикистони ҷавон чун давраи ташаккул ва рушд ба ҳисоб рафта, дар ин муддат мардуми Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ, дар партави созандагию бунёдкорӣ ва дар раванди ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ умр ба сар мебаранд. Истиқлолият барои ҳар як аъзои ҷомеаи Тоҷикистон нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи саодатмандӣ, мазҳари ғояву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутаммадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушду такомули давлатдории навин кишвари азизамон пайваста қадамҳои устувори худро гузошта, дар се даҳсолаи даврони истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Аз зумраи тағйиротҳо ва пешравиҳо, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ низ нақши назаррас дорад, зеро он дар навбати худ боиси ба миён омадани зарурияти истифодаи воситаҳои нави танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.  Маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти муътадил ва самараноки мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо нигаронида шуда, яке аз воситаҳои асосии таъмини волоияти қонун ва таъмини адолат ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «раванди ташаккули дилхоҳ давлати муосирро, ки ҳадафи аслиаш таъмини адолати иҷтимоист, бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, дарк намудан имконнопазир аст, ин ҳолат давом додани ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судиро тақозо менамояд».

Бояд қайд намуд, ки ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвари соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва таҳлили шарту шароитҳои ҷойдошта бо мақсади дастрасии шаҳрвандон ба фаъолияти судҳо низоми электронии амалӣ намудани адолати судӣ ҷорӣ карда мешавад.

Ҳангоми амалӣ намудани меъёрҳои мурофиавии судӣ истифода намудани воситаҳои муосири техникӣ имконият медиҳанд, ки мурофиа бо риояи принсипи ошкорбаёнӣ бо имконоти дастрасӣ ба адолати судӣ таъмин карда шуда, сарборӣ ва хароҷотҳо вобаста ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои судӣ  кам карда шаванд.

Аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин ҷода тадбирҳои гуногун андешида шудаанд. Пеш аз ҳама таъсис ва таъмини фаъолияти мунтазами сомонаи расмии судҳои иқтисодӣ ба шаҳрвандон имконият дод, ки бо ҷадвали парвандаҳои таъингардида ва дигар амалҳои мурофиавӣ вобаста ба парвандаи баррасишаванда шиносоӣ пайдо кунанд.

Ҳамчунин дар сомона суроғаи почтаи электронии ҳар як судя ҷой дода шудаанд, ки ба шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи таъинотҳои судӣ, парвандаҳои судӣ ва қарорҳои доир ба парванда қабулшуда ва пайдо кардани алоқа бо раисикунандаи мурофиа мусоидат мекунад.

Дар сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мунтазам оид ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дар судҳои иқтисодӣ баргузоргардида, хабарҳо, мақолаҳо ва қонунҳои нав қабулгардида ва тағйироту иловаҳои воридшуда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, истифодабаранда метавонад аз онҳо маълумоти муфид оид ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ ва фазои ҳуқуқӣ дар кишвар маълумот пайдо кунанд.

Ҳамчунин, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи байниидоравии мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни мақомотҳои давлатӣ пайваст мебошад. Мубодилаи ҳуҷҷатҳо байни мақомотҳои давлатӣ имконият медиҳад, ки он дар вақти кӯтоҳтарин ва бидуни хароҷот барои интиқоли мактуби муқаррарӣ амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин, истифодаи технологияи муосир дар таҳкими принсипи дастрасӣ ба адолати судӣ нақши назаррас пайдо намуд, зеро ба тариқи электронӣ ба роҳ мондани амалигардии меъёрҳои мурофиавии судӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки бо сарфа намудани вақт ва манбаҳои дигар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои худро аз маҳалли дилхоҳ ба суд пешниҳод намоянд. Дар баробари ин судяҳо низ имконият пайдо карданд, ки оид ба амалҳои мурофиавии вобаста ба парванда анҷомдодашуда ба шахсони иштироккунанда фавран тавассути почтаи электронӣ хабар диҳанд.

Ба тариқи мактуби электронӣ доир ба ҳолати аризаи шаҳрванд огоҳ карда шудан ба шахсони иштироккунандаи парванда имконият медиҳанд, ки доир ба санадҳои судии қабулгардида фавран огоҳӣ пайдо карда, барои бартараф кардани ҳолатҳои зери шубҳа қарор доштани хабардор гардидан ва ё нагардидани шахсони иштироккунандаи парванда доир ба вақт ва маҳалли баргузор гардидани маҷлиси судӣ мусоидат мекунад.

Яъне ба тариқи электронӣ амалӣ намудани татбиқи адолати судӣ барои баланд бардоштани сатҳи самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ мусоидат намуда, чун яке аз воситаҳои муҳими таъминкунандаи адолати судӣ амал менамояд, ки бешубҳа яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Новобаста аз оне, ки  ҷорӣ намудани фаъолияти электронии судӣ вақт ва захираҳои зиёдеро талаб менамояд, боиси хушнудӣ аст, ки гузариш давра ба давра амалӣ шуда истода, танҳо ба шарофати маҳз истиқлолият имконпазир гардидааст. Дар ояндаи наздик тибқи нақша боз як қатор корҳо амалӣ хоҳанд гашт. Нигоҳ нокарда ба душвориҳо ҷорӣ намудани низоми электронии амалӣ намудани адолати судӣ ба сарфа намудани вақт, қувва ва хароҷотҳои мурофиавӣ мусоидат намуда, омили муҳими дастрасии шаҳрвандон ба фаъолияти судҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, татбиқ намудани усули электронии коргузорӣ дар фаъолияти мақомоти судии кишвар аз зумраи дастовардҳои назаррасест, ки барои татбиқи адолати судӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни XXI ва ҳазорсолаи сеюм барои мардуми шарифи Тоҷикистон, дар қатори давлатдорӣ, ҳамчунин барои фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатии он шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумўи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сўи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод.

Фаррухзода Комрон Фаррух

– котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хондани мақола ба забони русӣ: Достижения независимости в укреплении концепции «Электронного правосудия» в экономических судах Республики Таджикистан

 

Хондани мақола ба забони англисӣ: State independencies achievements on strengthening the concept of “E-justice” in the economic courts of the Republic of Tajikistan

Напечатать страницу Напечатать страницу