Спитамен: Аёдат шахсони эҳтиёҷманд ва имконияташон маҳдуди дар арафаи иди Қурбон

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии шахсони ниёзманд роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ як гуруҳ шахсони эҳтиёҷманд ва имконияташон маҳдуди ноҳияи Спитаменро аёдат намуданд.

Зимни аёдати шахсони эҳтиёҷманд дар Ҷамоатҳои шаҳраки Навкат, ҷамоатҳои деҳоти Турсун Ӯлҷабоев, Хуррамзамин Тағояк роҳбарияти суд таъкид намуданд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар як сокини кишварро ба ғамхорӣ фаро мегиранд.

Шахсони аёдатшуда бо истифода аз фурсати муносиб барои ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби судҳои иқтисодӣ дар маҷмӯъ 8 нафар сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Спитамен ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо маводи хӯрока аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, макарон, пиёз ва картошка дастрас карда шуд.

Дар баробари ин, дар доираи таҷлили ҷашни Иди Қурбон аз тарафи роҳбарияти суд ба Хона интернати №1 ва 25 нафар кормандони дастгоҳи суд маводҳои зарурӣ дастрас гардид.

Напечатать страницу Напечатать страницу