Спитамен: Ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи якум

Имрӯз, санаи 10 июли соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи якум баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон Каҳҳорзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидимомхӯча Акбаров иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастиро  Раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон ифтитоҳ  намуда, муовини раиси ноҳия Раҳимӣ Д доир  ба натиҷаҳои  ҷамъбасти  нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда  барои нимсолаи дуввуми соли 2021 маърӯза намуд.

Сипас масъулони  соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, кумитаи замин, роҳбарони корхонаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия вобаста  ба корҳои  анҷомдода   дар нимсолаи якуми соли равон  ахборот манзур намуданд.

Роҳбари дастгоҳ Суди Олии иқтисодӣ доир  ба камбудиву  норасоиҳои  ноҳияи Спитамен дар нимсолаи  якуми соли 2021 қайд намуда, ҳозиринро ба иҷрои нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати  30- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва дигар масъалаҳои мубрам даъват  намуд.

Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати Президенти кишвар, иҷрои вазифаву супоришҳои дар Паём зикршуда ва дар маҷмӯъ ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, дар доираи кори ҷаласа масъалаҳои марбут ба таъмини рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вусъати омодагиҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоннок намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Бо вазифагузориҳо баҳри амалӣ намудани нақшаҳо барои нимсолаи дуюм аз ҷониби раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу