Таҳлили баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар суди иқтисодии вилояти Суғд

Санаи 26 июни соли 2021 гуруҳи кории суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии бо иштироки Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С ва кормандони дастгоҳи суд бобати назорати риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” таҳлили ҳалли муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо судяҳои ҳамин вобаста ба муроҷиатҳое, ки ба суди иқтисоди вилояти Суғд ворид гардидаанд, суҳбат гузарониданд.

Дар идомаи суҳбат бо судяҳо вобаста ба риояи Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ҳангоми баррасии парвандаҳо ва риояи муҳлати барррасии парвандаҳо ва муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ муҳокимарониву таҳлилҳо гузаронида шуд.

Судяҳо доир ба дақиқи риояи одоби касбӣ ҳангоми муошират бо муроҷиаткунанда ва ҳаллу фасли парвандаҳои судӣ таъкид карда шуданд.

Инчунин ҷиҳати сазовар пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идома додани корҳои ободонӣ, сарзабзу хурам нигоҳ доштани гирду атроф ва рангу бори бинои суд, дастур дода шуд.

Илова бар ин, таваҷҷуҳӣ судяҳо ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, барномаву стратегияҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда шуд.

Дар анҷоми маҷлис Қаландарзода М.С. ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, оид ба арзишҳои ин ҷашни миллӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи он суханрони намуданд

Напечатать страницу Напечатать страницу