Ифтитоҳи гӯшаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СОИ ҶТ

Тибқи Нақша- чорабиниҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ Гӯшаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар гӯшаи номбурда дастовардҳои муҳиме, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба даст омада буданд, дарҷ гардидаанд, аз зумраи ҳуҷҷатҳои заминасози истиқлолияти давлатӣ ба монанди Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ,  Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олӣ ва лаҳзаҳои таърихию тақдирсози миллати тоҷик, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳадафҳои стратегии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  чунончи Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, Таъмини амнияти озуқаворӣ, Саноатикунонии босуръати кишвар, Стратегияи давлатии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, Ҷавонон ояндаи миллат, Ятимон таҳти ғамхории Ҳукумати мамлакат, Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин табиати нотакрору манзараҳову иншоотҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд қайд кард, ки иқдоми ташкили  гӯшаи истиқлолияти давлатӣ барои боз ҳам баланд бардоштани рӯҳия ва ҳувияти миллии ватандориву ватандӯстӣ, пос доштани анъанаҳои таърихии миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ равона гардидааст.

Тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро  талаб дорад. Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танхо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомӯзонем,  инчунин, мо бояд тамоми донишу малакаи касбӣ, инчунин нерӯи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста ҳар як фарди ҷомеа сафарбар намоем, чунки Паёми Пешвои муаззами миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, ки саршори сафои сулҳу дӯстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ мебошад ва баҳри рушду нумуъи Тоҷикистони азиз равона гардидааст.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу