Ваҳдати миллӣ фарҳанги сулҳофари Пешвои миллат – Исломова Насиба Азимовна корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсат ба дастони марди Худост,

Ҳар он кас надонад, ниҳодаш хатост.

Миёни ҳазорон сиёсатмаоб,

Ягона ҷавонмарди олиҷаноб,

Баромад, ҷиҳоди ватандорӣ кард,

Дили халқи тоҷик зи ҷанг орӣ кард.

Бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ шуморо ба муносибати ҷашни сулҳофари миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, умри дарози беғубор ва дар фаъолияти кориатон баҳри риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуният ва адолати иҷтимоӣ музаффариятҳои беназирро таманно дорам.

Маҳз бо азму ирода ва талошҳои пайгиронаю сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо оби рӯди муҳаббату дарёи дилаш оташи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш кард, имрӯз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст. ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рӯи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон, қонунияту тартибот ва амният ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта истодааст. “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба миллати тамаддунофари тоҷик роҳи умед, роҳ ба сӯйи фардои дурахшон, роҳ ба паҳнои ҷаҳон кушод.

Ваҳдат ҳамчун зуҳуроти фарогири сартосарӣ аз домони ормонҳои хиради  рафоқатҷӯӣ ва садоқатмандии ба фарҳанги сулҳофаридоштаи мардуми маънавиётгарои мамлакатамон падид омадаву ташаккул ва такомул ёфта бошад ҳам, бундёгузор ва меъмори аслии он Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор мераванд.

Дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши кишвари азизи мо дар замони соҳибистиқлолӣ зиёданд. Бегуфтугӯ, кулли дастоварду комёбиҳо ба номи абармарди олами сиёсат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут буда, арҷгузорӣ ба онҳо қарзи виҷдон ва рисолати инсонии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин миён ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақому манзалати муҳим дорад. Бо гузашти солҳо, хоса бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, моҳияти ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик тамоюли афзоишро касб намуда, ҷойгоҳи онро бамаротиб боло бурд.

Маҳз  ба  шарофати ин  абармард  дар он марҳалаи бисёр ҳассос мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тавонист ба манфиатҳои халқ ва Ватан афзалият дода, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони худ ва пароканда гардидани миллатро бартараф созад ва бунёди Меҳани ободу зебои биҳиштосои имрӯзаро дилпурона оғоз намояд.

Дар заминаи дурандешии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд хислатҳои накуи инсонӣ, аз қабили таҳаммулгароӣ, шукргузорӣ, сабру тамкин ва бахшидани якдигар меҳвари фаъолият қарор гирифта, фосилаи расидан ба сулҳу субот хеле наздиктар шуд. Ба ибораи дигар, тантанаи Ваҳдати миллӣ файзи хиради Пешвои миллат аст.

Ҳамин фазилатҳои оливу азалии Роҳбари хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштии миллӣ ҳидоят намуда, аз баракати иқдомоти беназиру судовари Сарвари давлат дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо рӯ ба афзоиш оварда, мақоми Пешвои миллат ва ҷойгоҳи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ соат ба соат боло меравад.

Хушбахтона, ҳоло дар кишвари мо сулҳу ваҳдат устувору побарҷоянд, вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки фориғбол бошему бетафовут. Ҳарчанд ба ёд овардани он айём хушоянд нест, аз лавҳи хотир зудудани он низ қобили қабул буда наметавонад.

Мо набояд ҳаводиси пурфоҷиаи замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дода буд, фаромӯш созем. Насли нисбатан солор, хоса онҳое, ки шоҳиди даргириҳои фоҷиаовари шаҳрвандӣ маҳсуб мешаванд, бояд ба насли наврас мунтазам ва дар такя ба далелу рақамҳо шарҳу тавзеҳ диҳанд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Ба насли наврас, ба онҳое, ки шояд аз воқеаҳои солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то андозае ноогоҳанд, таъкид бояд кард, ки мо ҳақ надорем он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бе падар мондани ҳазорон кӯдакон, бе фарзанду бе саробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор бинову хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем.

Ба ёд овардани он рӯзҳо моҳиятан рисолати ҳушдордиҳиро низ касб карда, моро ба зирактар будан аз лиҳози сиёсӣ даъват менамояд ва таҳрик мебахшад, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро доимо ҳифз ва чун гавҳараки чашм эмин дорем. Ва ин амал бояд бештар дар мадди назари ҷавонони саодатманди диёр қарор гирифта бошад.

Насли навраси мо, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба онҳо бениҳоят зиёд аст, бояд дарк созанд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хун-резӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонанд пайо-мадҳои ногувор ба бор оранд.

Мисоли ин гуфтаҳо ҳодисаҳои солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аст, ки аксар соҳибмансабон бетафовутиву бетарафиро пеша карда, дар ин замина аркони давлатӣ фалаҷ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарфи назар гаштанд ва силоҳ мақоми ҳукмфармоиро соҳиб гардид.

Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ вакилони дорои таҷрибаи зиёди корӣ буданд, вале аксар аз масъулияти ба дӯш гирифтани вазифаи роҳбарии давлату Ҳукумат ҳаросиданд. Эътироф карду арҷ бояд гузошт, ки бо азми қавӣ ва нияти нек ин рисолати таърихиро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд. Муҳимтар аз ҳама, дар он давра шароит бениҳоят ҳассосу талабот бисёр ҷиддӣ буд ва будани як шахси ба маънои томаш муносибро дар вазифаи роҳбарӣ талаб мекард.

Ба бахти миллати тоҷику Тоҷикистон ин шахс муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз байни халқ баромада, аз мушкилоти пешорӯи мардум огоҳии комил доштанд. Роҳбари ҷавони бомасъулият аз рӯзҳои аввал масъалаеро, ки дар назди вакилони Шӯрои Олӣ гузоштанд, барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ буд. Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияро тадриҷан таҳияву тарҳ рехта, пешниҳод карданд, ки ин санади муҳими давлатдориро вобаста ба иродаи халқ қабул созем ва халқи Тоҷикистон бояд роҳи давлатдориашро бевосита худ муайян намояд.

Шояд баъзе ҷавонони мо надонанд, ки вақте Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуд, кишвар муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ надошт. Таъсисёбии ҳукумат идома дошт, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда буданд. Аввал, ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан, ҳамчун Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату давлатдориро сохтанд.

Дар шароити кунунӣ моҳияти Ваҳдати миллӣ он қадар фузун шудааст, ки дар доираи як матлаб баён кардани он ғайриимкон аст. Далели бебаҳс ин аст, ки маҳз ҳамин неъмати бебаҳо ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонд. Дар замоне, ки шаҳрвандон ба рӯзи дигар итминон надоштанд, ин рӯйдоди нодири таърихӣ ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад дар эъмори давлати пешрафта комёб гардад.

Ҳарчанд муҳлат баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар назди таърих чандон тӯлонӣ нест, дар ин марҳила собит гардид, ки тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту сулҳпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва боадолат барпо намоянд, ки дар он озодию ҳуқуқи шахс муқаддас шумурда мешавад.

Ваҳдатофарӣ, раиятпарварӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки халқи мо аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфтанд ва мо худ ватанамонро соҳиб шудему обод кардем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин сохтем.

Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки ваҳдати миллии мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бозёфти нодир эътироф гардида, дар доираҳои илмӣ ва сиёсии дохиливу байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиши амиқ қарор дорад.

Рӯйдодҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир, ҷаҳду талоши гурӯҳҳои ифротӣ дар робита ба ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ, андешаеро дар бобати он ки насли ҷавони кишвар бояд сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд, лаҳза ба лаҳза тақвият мебахшад. Ба ин васила, мо моҳияти ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонем ва шароит фароҳам  месозем, ки он ҳамчун як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳарчи бештар густариш пайдо намояд.

Ба андешаи пажӯҳишгарон – «ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод», комилан ҳамфикрам. Илова менамоям, ки гузашти солҳо ва авзои ҷаҳони муосир мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти ваҳдати миллиро афзун намуда истодааст.

Ҳоло кулли тоҷику тоҷикистониён, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ, дарк намудаанд, ки рушди ҷомеа ва амалишавии орзуҳояшон дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир аст. Нооромиҳои Украина, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд.

Аз ин лиҳоз, бояд ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, беш аз пеш зирак ва баҳри ҳифзи манфиатҳои давлативу миллӣ фаъол бошем. Бо таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон доман густурда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардаанд, муборизаи оштинопазир барем.

Албатта, дар бораи корнамоиҳои Пешвои миллат, мафҳум ва моҳияти ваҳдати миллӣ ҳар қадар ҳарф занем, яқин аст, ки як ҳиссаи онро дар умум ифода карда наметавонем. Аз ин рӯ, бояд бештар аз пештара ба қадри заҳмату хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар атрофи андешаву ғояҳои ин абармард муттаҳидтар гардем ва исбот намоем, ки меросбари воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик  буда, нисбат ба фардои фарзандон бетараф нестем. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд: «Дастоварди бузурги таърихӣ – ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред».

Ин суханони пурҳикмат бояд сармашқи кори ҳар кадоми мо бошанд.

Исломова Насиба Азимовна корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу