Иштироки Раиси СОИ ҶТ Қаландарзода М. дар Форуми сеюми занони Созмони ҳамкории Шанхай

10 июни соли 2021 дар Душанбе Форуми сеюми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каландарзода Мавлуда Сатторӣ, бо даъвати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд. Дар Форум намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ ва меҳмонони даъватшуда аз ҳисоби ходимони сиёсӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳаи илм ширкат варзиданд.

Дар доираи Форум ҷаласаи пленарӣ дар мавзуи «Ниҳодҳо оид ба тақвияти нақши занон дар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ва чор ҷаласаи панелӣ: «Такмили ҳамкорӣ дар масъалаҳои гендерӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай», «Тақвияти салоҳияти занон дар рушди соҳибкорӣ», «Натиҷаҳои фаъолият оид ба мубориза бо ҳама гуна зуроварӣ нисбати занон ва духтарон дар оила ва ҷомеа, табодули таҷриба ва таҷрибаи муваффак дар ин самт, инчунин муайян намудани афзалиятҳои минбаъда» ва «Муттаҳидсозии неруҳои занон дар ҷавоб ба чолишҳои ҷахонӣ ва минтақавӣ» баргузор гардиданд.

Ҳадафҳои асосии Форум аз мусоидати минбаъдаи баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон дар рузномаи Созмони ҳамкории Шанхай барои фароҳам овардани платформаи муассир барои таҳкими иқтидори занони кишварҳои узви Созмон бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамкории минтақавӣ ва саҳмгузорӣ дар пайдо намудани нуқтаҳои нави тамос дар доираи ҳалли масъалаҳои муҳими Платформаи Амалиёти Пекин иборат буд.

Иштирокдорони Форуми сеюми занони Созмони ҳамкории Шанхай лоиҳаҳои Изҳрроти муштараки намояндагони механизмҳои миллии пешрафти занони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Накшаи Амалиётро муҳокима ва омода намуданд. Инчунин иштирокдорон барои ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оид ба такмили механизми миллии пешрафти занон дар ҳар як кишвари узви СҲШ оид ба рушди соҳибкории занон, афзоиши ҳиссаи занон дар шумораи роҳбарони корхонаҳо ва саҳҳомони ширкатҳои калон тавсияҳо пешниҳод намуданд; оид ба коҳиш додани ҳама гуна зуроварӣ нисбати занон ва духтарон дар оила ва ҷомеа тавсияҳо пешниҳод намуданд, воситаҳои муассир дар давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод намуданд; оид ба баланд бардоштани ҳиссаи занон дар парлумонҳои кишварҳои аъзои СҲШ, дар вазифаҳои вазирон, дар вазифаҳои роҳбарикунанда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, инчунин дар сатҳи макомоти иҷроияи маҳаллии давлатҳои аъзои СҲШ тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу