Шанбегӣ: Корҳои сохтумони ва ободони дар ҳоли анҷомёбист

Имӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ баргузор гардид.

Шанбегӣ дар гирду атрофи бино гузаронида шуда, гирду атрофи бино ва макони корҳои сохтмонӣ, ки дар ҳоли анҷомёбист, аз партовҳо тоза карда шуд.

Ҳамчунин барои ободу зебо гардонидани мавзеи атрофи бино, дар майдони дарахтон корҳои нармкунӣ ва сабзкорӣ ба анҷом расонида шуд.

Чи тавре, ки хабар додем, бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар суд корҳои азнавсозӣ, сохтмонӣ ва бунёдкорӣ ба тариқи ҳашару шанбегиҳо гузаронида мешавад. Дар идомаи ин иқдомҳо бинои суд пурра аз нав рангубор карда шуд. Ҳоло корҳои азнавсозӣ, сафолпуш ва ба талаботи замон ҷавобгу гардонидани даромадгоҳи бино дар ҳоли анҷомёбист, ки дар он роҳравҳо барои ба бино даромадан ва баромадани маъюбон сохта шуд. Инчунин як ҳуҷра барои истироҳату фароғати ронандагон сохта шуд, ки ҳоло корҳои васлкунӣ ва таҷҳизони дар ҳуҷра идома дорад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу