Нақши истифодаи технологияи муосир дар таҳкими адолати судии иқтисодӣ – Қаландарзода Мансур, судяи СОИ ҶТ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ таккони ҷиддие бахшид, ки дар навбати худ боиси ба миён омадани зарурияти истифодаи воситаҳои нав ҳангоми танзими фаъолияти муътадили он гардидааст. Тадбирҳои андешидашаванда бо мақсади риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти муътадил ва самараноки мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо нигаронида шуда, чун яке аз воситаҳои асосии таъмини волоияти қонун ва таъмини адолат ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд, ки «раванди ташаккули дилхоҳ давлати муосирро, ки ҳадафи аслиаш таъмини адолати иҷтимоист, бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, дарк намудан имконнопазир аст, ин ҳолат давом додани ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судиро тақозо менамояд»[1].

Қобили зикр аст, ки ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар ба ҳисоб рафта, бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва таҳлили ҳолатҳои воқеӣ бо мақсади дастрасии шаҳрвандон ба фаъолияти судҳо низоми электронии амалӣ намудани адолати судӣ ҷорӣ карда мешавад.

Истифодаи воситаҳои электронии  муосир ҳангоми амалӣ намудани меъёрҳои мурофиавии судӣ имконият медиҳад, ки ошкорбаёнии мурофиавӣ ва дастрасӣ ба адолати судӣ таъмин карда шуда, сарбории судӣ ва хароҷотҳо доир ба баррасии парванда кам карда шаванд.

Аз ин лиҳоз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин хусус тадбирҳои гуногун андешида шудаанд. Пеш аз ҳама таъсис ва таъмини фаъолияти мунтазами сомонаи расмии судҳои иқтисодӣ ба шаҳрвандон имконият дод, ки бо ҷадвали парвандаҳои таъингардида ва дигар амалҳои мурофиавӣ вобаста ба парвандаи баррасишаванда шиносоӣ пайдо кунанд. Ҳамчунин дар сомона суроғаи почтаи электронии ҳар як судя ҷой дода шудаанд, ки ба шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи таъинотҳои судӣ, парвандаҳои судӣ ва қарорҳои доир ба парванда қабулшуда ва пайдо кардани алоқа бо раисикунандаи мурофиа мусоидат мекунад.

Дар сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мунтазам оид ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дар судҳои иқтисодӣ баргузоргардида, хабарҳо, мақолаҳо ва қонунҳои нав қабулгардида ва тағйироту иловаҳои воридшуда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, истифодабаранда метавонад аз онҳо маълумоти муфид оид ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ ва фазои ҳуқуқӣ дар кишвар маълумот пайдо кунанд.

Ҳамчунин, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи байниидоравии мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни мақомотҳои давлатӣ пайваст мебошад. Мубодилаи ҳуҷҷатҳоро байни мақомотҳои дигари давлатӣ имконият медиҳанд, ки он дар вақти кӯтоҳтарин ва бидуни хароҷот барои интиқоли мактуб амалӣ карда шавад.

Илова бар он истифодаи технологияи муосир барои таҳкими принсипи дастрасӣ ба адолати судӣ мусоидат менамояд, зеро ба тариқи электронӣ ба роҳ мондани амалигардии меъёрҳои мурофиавии судӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки бо сарфа намудани вақт ва манбаҳои дигар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои худро аз маҳалли дилхоҳ ба суд пешниҳод намоянд. Дар баробари ин судяҳо низ имконият пайдо карданд, ки оид ба амалҳои мурофиавии вобаста ба парванда анҷомдодашуда ба шахсони иштироккунанда фавран хабар диҳанд.*.,

Ба тариқи мактуби электронӣ доир ба ҳолати аризаи шаҳрванд огоҳ карда шудани шахсони иштироккунандаи парванда имконият медиҳанд, ки доир ба санадҳои судии қабулгардида фавран огоҳ карда шуда, барои бартараф кардани ҳолатҳои зери шубҳа қарор доштани хабардор гардидан ва ё нагардидани шахсони иштироккунандаи парванда аз вақт ва маҳалли баргузор гардидани маҷлиси судӣ мусоидат мекунад.

Яъне ба тариқи электронӣ амалӣ намудани татбиқи адолати судӣ барои баланд бардоштани сатҳи самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ мусоидат намуда, чун яке аз воситаҳои муҳими таъминкунандаи адолати судӣ амал менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҷорӣ намудани фаъолияти электронии судӣ вақт ва захираи зиёдеро талаб менамояд, новобаста аз ин гузариш давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Дар ояндаи наздик тибқи нақша боз як қатор корҳо амалӣ хоҳанд гашт. Нигоҳ нокарда ба душвориҳо ҷорӣ намудани низоми электронии амалӣ намудани адолати судӣ ба сарфа намудани вақт, қувва ва хароҷотҳои мурофиавӣ мусоидат намуда, омили муҳими дастрасии шаҳрвандон ба фаъолияти судҳо ба шумор меравад.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. С.

Напечатать страницу Напечатать страницу