Сафари кории Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Спитамен

Рузҳои  28-30 май Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда  бо мақсади шиносоӣ бо корҳои  сохтмонӣ дар  иншоотҳои ҷашнӣ ба  ноҳияи Спитамен сафар намуда бо ҳамроҳии Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Спитамен Аҳмадзода Бахтиёр ва раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода нахуст  аз  корхонаи коркарди шири хушк дар ноҳия  дидан намуданд.

Чи тавре, ки қайд гардид, корхонаи коркарди шири қоқ, ки дар ноҳия сохта мешавад аввалин коргоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар арафаи ҷашнгирии З0 солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин, аз ҷараёни сохтмони фабрикаи ресандагии 25-солагии истиқлолият ва туйхонаи замонавӣ, ки барои гузоридани ҷашну маросимҳо дар назар дошта шудааст, дидан намуданд.

Қаландарзода Мавлуда   зимни  сафари хизматӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-52 аз 30 марти соли ҷорӣ аз Муассисаи давлатии таълимии литсеи касбӣ – техникии ноҳияи Спитамен дидан намуданд.

Маълум гардид, ки бинои асосӣ соли 1930 сохта шуда таъмирталаб мебошад. Дар муассисаи мазкур 17 синфхона бо таҷҳизотҳояш барои касб омухтан фаъолият дошта, синфхонаҳо низ таъмирталаб мебошанд.

Ғайр аз ин, аз бинои маъмурият, ошхона, амборҳо ва зали варзишии таълимгоҳ бозбини карда шуд.

Зимни боздид вобаста ба омода намудани нақша – чорабиниҳо барои таъмиру азнавсозӣ муассисаи мазкур дастуру супориш доданд.

Қайд менамоем, ки дар омӯзишгоҳи мазкур касбҳои тракторист бо донистани ронандагӣ, ронанда, ошпаз-қаннод, барномасоз, барқчӣ, дузанда ва кафшергар омӯзонида мешавад.

Қаландарзода Мавлуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолон, соҳибкорон ва онҳоеро, ки барои корҳои ободониву созандаги саҳми худро гузоштаанд, арзи сипос намуданд.

Корҳои сохтмони ва бунёдкории дигар иншоотҳои ҷашнӣ дар ҷамоату деҳаҳои ноҳия бомаром идома дошта, то ҷашни З0 солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу