Озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ–ташвиқотчӣ”

Суди Олии иқтисодӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои дарёфти нафарони лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор ва ташаккул додани малакаҳои эҷодӣ дар байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, инчунин бедор намудани  ҳисси баланди аз худ намудани касбият дар самти худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии кормандони ҳокимияти судӣ ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ–ташвиқотчӣ”-ро барои соли 2021 эълон менамояд.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, бо дархост ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи корҳои тарғиботиву ташвиқотии анҷомдодааш (чопи мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма) дар давоми нимсолаи якуми соли 2021 то 12 июли соли 2021 ба Суди Олии иқтисодӣ муроҷиат намоянд.

Ғолибони озмун бо ҷоизаҳои хотиравӣ, дипломҳои дараҷаҳои I, II, III ва маблағҳои пулӣ сарфароз  гардонида мешаванд.

Телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ 227-86-26

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу