Ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об – Рахмонова Р, корманди дастгоҳи суд

Об мӯъҷизаи беҳтарини ҳаёт буда, бе он ягон мавҷудоти зинда вуҷуд дошта наметавонад ва манбаи нахустини қонеъ гардонидани талаботи асосии инсон ба ҳисоб меравад.

Масъалаҳои марбут ба об ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд табдил гаштааст. Маҳз ба ин хотир дар ҳуҷҷатҳои сатҳи ҷаҳоние, ки солҳои охир қабул гардидаанд, масъалаҳои марбут ба об ба таври васеъ дарҷ мегарданд. Дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хоса пайдо намуд ва якчанд ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳод гардида аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Шурӯъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ  7 қарордод ва 4 ташаббуси стратегияҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намудааст,  ки номгӯяшон инҳо мебошанд:

Соли байналмилалии оби тоза, 2003

– Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015

– Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об

– Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028

Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувори ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмӯъ барои рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда,  захираҳои об барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муаасир дорад. Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% — и барқ дар кишвар тавассути неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол карда мешаванд. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсол тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария,  саноат ва моҳипарварӣ,  ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад, истифода мешавад. Захираҳои об дар кишвар, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Аз ин номгӯй муҳиммияти бештарро  соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамоянд.

Дар самти идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ, Ҳукумати кишвар фаъолияти худро дар самтҳои зерин:

татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ; таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил додани қонунгузории соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳияи стратегияҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои рушд; танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об; рушди иқтидор; мусоидат ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об; ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳое, ки дар самтҳои алоқаманд бо идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ фаъолият менамоянд; назорати давлатӣ ва назорати бехатарии иншооти гидротехникӣ; пешбурди кадастри давлатии об дар бахши истифодаи об;
таҳияи лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи об амалӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ бояд қайд намуд, ки яке аз иқдомҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, боиси ифтихори мо тоҷикистониён буда, ҳар яки мо вазифадорем дар пайи амалисозии он тамоми кӯшишу ғайрати худро сафарбар намоем.

Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонова Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу