Боздид аз ҷараёни корҳои сохтумонӣ дар ноҳияи Спитамен

Имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо махсади боздиди ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 “Дар бораи ҷашн гирифтани З0 солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон” ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни З0 ­солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом доданд.

Мувофиқи қарори №510 “Дар бораи ҷашн гирифтани З0 солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон”дар ноҳияи Спитамен то соли 2021 сохта ба истифода додани чор иншоот пешбинӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, сохтмони бинои “Маркази адлия” дар маркази ноҳияи Спитамени вилояти Суғд пешбинӣ карда шудааст. Тазаккур бояд дод, ки сохтмони бинои мазкур ҳануз соли 2018 оғоз гардида, моҳи апрели соли 2019 ба итмом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Айни хол дар бинои мазкур бахши сабти асноди ҳолата шаҳрвандон ва идораи нотариалии ноҳия фаъолият мебарад. Бинои китобхонаи марказӣ, осорхона ва мактаби мусиқӣ моҳи апрели соли 2019 ба итмом расида, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулху вахдати миллй Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда дар деҳаи Навандарсой (собик; Андарсой)-и ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев соли 2018 огоз гардида, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон пурра сохта ба истифода  дода шудааст.

Ҳамчунин кашидани хати оби нушокӣ дар дехди Куркати ҷамоати деҳоти Куруш бо маблағи 800 000 сомонӣ бо маром идома дорад. Хати оби нушокии мазкур мебоист тибқи нақша дар соли 2020 ба истифода дода мешуд, аммо бо сабаби пандемияи Ковид-19 ба истифода додани он дар соли 2021 ба таъхир афтод. Ҳоло бошад корҳои сохтмони на васлкунии қубурҳо бо маром идома дошта то ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Fайр аз ин, аз зимни  сафари корӣ  аз сохтмони иншоотҳои иловагие, ки  дар нақша   пешбинӣ нагардидаанд дидан намуданд. Аз ҷумла, корхонаи парандапарварии Куркат, Заводи шир, ки маҳсулоти шири ва шири хушк истеҳсол намуда  яке аз аввалин корхонаи истеҳсоли шири хушк дар Тоҷикистон мебошад, инчунин коргоҳи бофандагӣ дар ширкати 25 солагии Истиқлолият ва Туйхонаи замонавӣ дар шаҳраки Навкат дидан намуданд Корҳои сохтмонию васлкунии коргоҳҳо дар ин иншоотҳо бо маром идома дорад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу