Ҳамоиш дар мавзӯи “Баррасии баҳсҳо оид ба масоили об дар судҳои иқдисодӣ”

Имруз дар толори Суди Олии иктисодии Ҷумхурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028” дар мавзуи “Баррасии баҳсҳо оид ба масоили об дар судҳои иқдисодӣ” ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо – Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумхурии Тоҷикистон , Кумитаи давлатии идораи замин ва геодези Ҷумхурии Тоҷикистон, Прокуротураи генералии Ҷумхурии Тоҷикистон, Маркази миллии конунгузории назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал сухани ифтитохиро Аминзода Зокир – муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон оғоз намуда, меҳмононро ба ҳамоиш хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст. Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломати инсон мебошад. Дар ин замина Тоҷикистон нақши нодири об дар ҳаёти сайёраро дарк намуда, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар ин самт ташаббусҳои глобалӣ ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза(2003)”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди ҳаёт (солхои 2005-2015)” ва “Соли байналмилалии ҳамкори дар соҳаи об (2013)” амали гардидааст, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, бобати амалишавии онҳо катъномаҳои махсуси СММ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки барои пешгирии норасоии об барои аҳолии сайёра саҳми арзишманд гузоштааст.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо ташаббус ва сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ба хотири баровардани аҳолии сайёра аз ниёзмандӣ ба захираҳои об гузаронидани чорабиниҳои муҳими нави маҷмуиро зарур дониста шуд ва дар идомаи мантиқии се ташаббусҳои созандаи қаблӣ иқдоми нави беназир оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028” нишон доданд, ки он 21 – уми декабри соли 2016 бо қатъномаи СММ ва ҷонибдории 177 давлати бо ин унвон қабул гардид. Дар ин раванд 22 – юми марта соли 2018 дар шаҳри НЮ-Иорки ИМА бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили рузи ҷаҳонии об ва иди байналмилалии “Наврӯз” татбиқи ташаббуси нави глобалии ҷумҳурӣ Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор барои солхои 2018 – 2028″ расман оғоз гардид, ки аз минбарп балаии ин созмони бонуфузи \ҷаҳонӣ Сарвари давлат дар масолили об суханронӣ намуданд.

Қобили зикри хос аст, ки яке аз роҳҳои беҳтар намудани некуаҳволии мардум ин истифодаи самараноки обу замин буда, бо ин роҳ мо метавонем, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем.

Давлату ҳукумати мамлакат бо мақсади гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барон ҳалли мушкилоти об дар кишвар санадҳои конунгузории соҳаро кабул намуда, бобати амалишавии Стратегия, Барнома ва ғайра оид ба ислоҳоти соҳаи обро кабул намудааст, ки мавриди татбиқ қарор дорад, ки ин иқдом саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва заминҳо бо оби полезӣ мебошад.

Таҷрибаи судии судҳои иқтисодӣ собит месозад, ки дар самти фарҳанги истифодаи мақсаднок ва оқилонаи об, саривақт барнагардонидани маблағи хаққи истифодаи об, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба масоили об мушкилотҳо ҷой доранд, ҳалли онҳо саривақтӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Суди Олии иктисодй тасмим гирифт, доир ба масоили об ҳамоиши илмию амалӣ баргузор намуда, роҳу усулҳои бартараф намудани мушкилотҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳамаҷониба баррасӣ карда, оид ба баланд бардоштани фарҳанги истифодаи оқилона ва мақсадноки об ва пешгирии вайронкуниҳои қонун дар ин самт чораҳои дахлдор андешида шавад.

Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш, Нуриддини Нурулло – судяи Суди Олии иҳтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва аҳамияти ин ташаббусҳо ҷиҳати пешгирии тамоюли зиёдшавии норасоии захираҳои об”, Исмоилзода Р,- муовини раиси Суди иктисодии вилояти Суғд дар мавзуи “Таҷрибаи судии ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои об”, Давлатзода Толиб – судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар мавзуи “Татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об дар амалия”, Шарипов Гул Вахобович – муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумхурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025”, Гадоев Истамқул – мудири бахши ҳуқуқи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар мавзуи “Руёнидани қарзи хаққи истифодаи об ба воситаи судҳои иқтисодӣ”, Шарифзода Фазлиддин Шариф – сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар мавзуи “Инкишофи қонунгузории об дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” ва Шукуров Исфандиёр Шукурович – сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Раванди татбиқи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумхурии Тоҷикистон” маърузаҳои худро ироа карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш, намояндагони вазорату идораҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, иштирокчиёни машғулият доир ба мавзуҳон матраҳгардида мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу