Кӯмак ба маъюбону ниёзмандон дар арафаи иди Рамазон

Дар арафаи Иди Фитр садақаи фитрро барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рузгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо, инчунин таъмири муасисаҳои иҷтимои, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона, бунёди роҳҳу пулҳо, кашидани хати барқу об барои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ аҷри бузург дорад.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии ба муносибати иди саиди Фитр қайд намудаанд: “Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.” ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки садақаи фитрро ба оилаҳои камбизоат харҷ намоянд.

Дар арафаи иди Рамазон бо пайгирӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду нафар маъюбон- Норқулова Шоира Субҳонқуловна ва Маҳмудов Ҷамшед, ки ба суди мазкур муроҷиат карда буданд, кӯмаки молиявӣ расонида шуда, ба 15 нафар кормандони ниёзманди дастгоҳи суд маҳсулоти озуқаворӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ба хонаи кӯдакони №1 маҳсулоти гуногун ба ҳайси кӯмак тақдим гардиданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

 

Напечатать страницу Напечатать страницу